Дар Душанбе масъалаи аққалиятҳои миллӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Комиссари Олии созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба масоили аққалиятҳои миллӣ Кнут Волебекро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ, қабл аз шурӯъи нишаст Зарифӣ ҳамдардии худро дар мавриди ҳаводиси рӯзи 22-юми июл, ки дар шаҳри Осло ва ҷазираи Утойяи Норвегия ба вуқӯъ пайваст ва ҷони 93 нафарро рабуд ба ҳукумат ва мардуми ин кишвар иброз дошт.
Зимнан, ҷонибҳо масоили марбут ба ақалиятҳои миллӣ ва этникиро баррасӣ карда, ба мавқеъи сафир Волбек шинос шуданд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳам бо САҲА ҳамкориро дар самтҳои гуногун тақвият дода, суботи минтақа ва амнияти кишварро таъмин хоҳад кард. {jathumbnail off}