Муҳоҷиронро бо пули корфармо депорт карданиянд
Александр Старовойтов, узви ҳизби ЛДПР дар Думаи Русия тарҳи қонунеро таҳия кардааст, ки корфарморо муваззаф мекунад, маблағи депорти муҳоҷирони ғайриқонуниро пардозад. Старовойтов гуфтааст, бо ин роҳ маболиғи буҷа сарфа хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, маблағи миёна барои ихроҷи як муҳоҷири ғайриқонунӣ 30-40 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Дар сурати қабули тарҳи қонун ФМС ё Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳаққи аз тариқи додгоҳ рӯёнидани ҷубронро аз афроде, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кор гирифтаанд, меситонад.
"Ҳоло мебинем, ки лагерҳо созмон дода, муҳоҷирони ғайриқонуниро то замони ихроҷ нигоҳ медоранд. Тамоми хароҷот барои нигоҳдории онҳо бар души шаҳрвандоне меафтад, ки ба ин муҳоҷирон ҳеч иртиботе неадоранд”, - гуфтааст депутат ба “Известия”.
Старшинов афзуда, ки тибқи қонуни амалкунанда корфармоҳое, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ҷалб кардаанд, то 1 миллион рубл ҷарима мешаванд.
ФМС мегӯяд, соли сипаришуда 15,9 миллион муҳоҷир ба қаламрави Русия омада, аз ин теъдод наздики 35 ҳазор депорт шудаанд.
Акс аз islamnews.ru