“Наҳзатӣ”-ҳои Суғд ба Қоҳир Расулзода муроҷиат карданд
Раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Суғд рӯзи 4-уми сентябр бо пахши як муроҷиатнома аз Қоҳир Расулзода ва раиси мақомоти амнияти вилоят Шовалиев хостаанд, “ба хотири сулҳу субот” ба фишорҳо болои аъзои ҲНИТ дахолат кунанд.
Дар муроҷиатномаи мазкур, ки дастраси “Озодагон” шуд, аз ҷумла омадааст, “аъзои раёсати вилоятӣ аз пахши барномаҳои телевизионӣ алайҳи наҳзатиҳо нигарононанд”.
“Барои мисол, ҳодисаҳои дахолати кормандони ҳифзи ҳуқуқро ба фаъолияти ҳайати дастгоҳи вилоятии ҲНИТ ҳангоми сафар ба навоҳии Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ, бе иҷозат ворид шудани намояндагони мақомот ба ҷаласаҳои ҳизбӣ дар навоҳии Ашту Зафаробод ва аз ҷониби кормандони худидораи ҷамоатҳо дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят даъвати хориҷ шудани аъзои алоҳидаи ҲНИТ аз сафи онро ёдрас карда метавонем”,-таъкид шудааст дар муроҷиатнома.
Наҳзатиҳои Суғд аз ҷумла изҳор доштаанд, ки “дар расонаҳои расмии вилоятӣ, минҷумла ТВ Суғд пахши барномаҳои ғаразнок ва бадномкунандаи ҲНИТ, чопи мақолаҳои иғвоангез дар бораи таърих ва мақоми ҲНИТ дар ҷомеа, сиёҳкунии сарварони ин ҳизби сиёсӣ вақтҳои охир афзоиш ёфтааст”.
Бо зикри ин, роҳбарияти бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломӣ аз раиси вилоят ва сардори мақомоти амниятии ин минтақа хоҳиш намудааст, ки нисбат ба ин масъала чораҳо андешанд: “Ба хотири таъмини суботи ҷомеа ва волоияти қонун, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии қишрҳои гуногуни ҷомеа аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ҷиҳати ислоҳи вазъ чораҳои амалӣ биандешед.”