Зайд Саидов хостааст, Шуҳрат Қудратов ӯро дар додгоҳ ҳимоя кунад
Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, ки охирҳои моҳи июни соли ҷорӣ аз хидмати вакили дифояш Шуҳрат Қудратов даст кашида буд, баъди ба Додгоҳи олӣ рафтани парвандааш дубора Қудратовро ба вакилӣ гирифтааст.
Шуҳрат Қудратов 4-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро тасдиқ карда ва гуфт, “дирӯз дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти Тоҷикистон бо Зайд Саидов мулоқот доштем. Бо хоҳиши ӯ Додгоҳи олӣ дубора ба ман иҷозат дод, ки ӯро дар мурофиа ҳимоя кунам. Мавзӯи суҳбати мо бо Зайд омодагиҳо ба мурофиаи додгоҳӣ буд.”
Ба иттилои Қудратов, мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов 12-уми сентябр таҳти раисии додрас Шавкат Абдулхайров оғоз хоҳад шуд. Қазияи Саидов махфӣ эълон шуда, дар назар аст, паси дарҳои баста сурат гирад.
Ин дар ҳолест, ки Исҳоқ Табаров, вакили дигари дифои Зайд Саидов мегӯяд, аз рӯи қонунгузорӣ баррасии парвандаи нафари таҳти ҳимояташ набояд паси дарҳои пӯшида сурат бигирад, чун ин парванда ҳеч сирри давлатиро дар бар намегирад: “Ба парвандаи мазкур бидуни огоҳии вакилон муҳри махфӣ задаанд. Ба мо гуфтанд, ки ба далели ишора гардидани ному насаби чанд мансабдори воломақом парванда муҳри махфӣ гирифтааст. Мо ин масъаларо ҳатман бознигарӣ хоҳем кард”.
Исҳоқ Табаров дар идома гуфт, дар парвандаи мазкур аз вазирону раисони собиқи ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла раҳбари вақти Саридораи геологияи тоҷик, Кумитаи сармоягузорӣ, Вазорати адлия ва дигар мақомоте, ки зери иҷозатномаҳо барои фаъолияти мухталифи Зайд Саидов имзо гузоштаанд, ёдоварӣ шуда, онҳо ба мурофиаи додгоҳӣ даъват хоҳанд шуд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.