Низомиёни тоҷик дар сабқати байналмилалӣ ғолиб шудаанд
Варзишгарони клуби марказии варзиши Артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Спартакиадаи Артишҳои ба ҳам дӯсти Иттиҳоди давлатҳои мустақил сазовори ҷойи аввал шуданд.
Тавре Бахтиёр Бозоров, масъули дафтари матбуоти Вазорати мудофиа ба “Озодагон” иттилоъ дод, мусобиқаи мазкур барои нахустин бор 3-юми сентябри соли равон, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор гардид.
Бозоров гуфт, дар ин мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ беҳтарин дастаҳои варзишии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон Арманистону Беларусия, Озорбойҷон, Украина ва Федератсияи Русия миёни ҳам рақобат карданд. Зимни сабқат варзишгарони клуби марказии варзиши Артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар вазнҳои 60, 70, 90 ва аз 100 кило боло ҳарифони худро шикаст доданд, мақоми аввалро соҳиб шуданд.