Видеои сабқати мошинронии президент
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисҷумҳури Туркманистон дар сабқати мошинронӣ ширкат ва барранда шудааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии ин кишвар хабар додаанд.
Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Ашхобод сурат гирифта, тибқи қавоиди сабқат иштирокчиён бояд масофаи 2340 метрро тай мекарданд. Рақиби президент Евгений Галлини будааст. "Зери кафкубиҳои зиёди тамошобинон пешвои миллат сари чанбари мошин нишаст. Ӯ ба рақибаш шонси пирӯзӣ надод”,-навиштааст хабаргузории давлатии TDH.
Ба иттилои расонаҳои Туркманистон Бердимуҳаммадов аз хӯрдӣ ба сабқати мошинронӣ таваҷҷуҳ дошта ва дар мусобиқаи ахир худро ҳамчун мошинрони ҳирфаӣ нишон додааст.
"Бо идораи моҳиронаи сабукрави варзишӣ сарнишин зери рақами №7-президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аввалин шуда ба марра расид",-эълон кард шореҳ.
Ба хабари расонаҳо райисҷумҳур ҷоизаи худро ба ҳарифаш тақдим кардааст.