Нерӯҳои низомии Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) касалхонаеро дар ғарбии Либия ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор доданд.
Тибқи хабарҳои расида, дар пайи ин ҳодиса 8 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки миёни эшон се духтур низ ҳаст. Расонаҳои хориҷӣ менависанд, бар асари ҳамалоти мазкур бинои касалхона тахриб гардида, анбори таҷҳизоти тиббӣ валангор шудаааст. Дар ин бора ҳукумати маҳаллӣ ба ВАО иттилоъ додааст.
Дар ҳамин ҳол намояндагони НАТО аз додани иттилоъ ва шарҳи қазия худдорӣ мекунанд. Шабакаи телевизионии "Россия-24" мегӯяд, ин хабар аз сӯи мақомоти низомии хориҷӣ ҳанӯз на тайид ва на такзиб шудааст.{jathumbnail off}