Боз як ҳушдор дар бораи гармии ҳаво ва обшавии пиряхҳо
Маркази боду ҳавошиносии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз гармшавии ҳаво то 9-уми сентябри соли ҷорӣ ҳушдор додааст.
Бар асоси иттилои Маркази боду ҳавошиносӣ дар ин муддат дар водӣ ва ҳамвориҳо ҳарорат то 37-39 дараҷа ва дар ҷануби кишвар то 40-41 дараҷа гармӣ мерасад.
Маркази боду ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ин гармшавӣ обшавии пиряхҳо дар қаламрави Бадахшон пурзӯр шуда, сабаби омадани сел ва баландшавии сатҳи об хоҳад гардид. Аз ҷумла, болоравии сатҳи оби дарёи Ванҷ, Бартанг, Ғунд, Панҷ ва Вахш низ дар назар будааст.