Ордени “Ситораи Президент”-и Бозор Собир ва ҷоизаи Масов
Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросиме бахшида ба 22-юмин солгарди истиқлоли кишвар ба Бозор Собир, шоири тоҷик, ордени Ситораи Президент дараҷаи 3-ро тақдим кардааст.
Ин маросим субҳи чоруми сентябр баргузор ва дар қатори Бозор Собир беш аз чаҳорсад нафар бо мукофоти давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба панҷ олими варзида ва пурмаҳсули кишвар Ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника низ тақдим шудааст. “Инҳо доктори илмҳои физика ва математика Зафар Усмонов, доктори илмҳои тиббӣ Абдумалик Давлатов, доктори илмҳои тиббӣ Убайдулло Қурбонов, доктори илмҳои тиббӣ Каримҷон Ортиқов ва доктори илмҳои таърих академик Раҳим Масов мебошанд”,-афзуд манбаъ.
Дар охир се ходими ҳарбӣ ва кормандони баландпояи сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо рутбаҳои олии низомӣ ва махсус сарфароз гардидаанд.