Президент ба масъулини фурудгоҳ мукофот дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, фармон додааст, барои саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёт, фарҳанг ва хизмати намунавии давлатӣ ба бархе аз кормандони соҳаи нақлиёт мукофотҳои давлатӣ дода шаванд.
Тавре аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, иттилоъ доданд, бо фармони президент Ибрагимов Азиз Муриватович, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», бо ордени Шараф дараҷаи II, Нуров Анвар Ҳафизович, сардори шӯъбаи фурудгоҳҳо ва бехатарии авиатсионии раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт бо медали хизмати шоиста, Полвонов Ғозибек Низомович, менеҷери "нақби Шаҳристон" бо медали хизмати шоиста сарфароз шудаанд.