Як узви ҲНИТ: Ба ман таҳдид карданд, то бигӯям: “ҳизб даркор нест”
Як узви фаъоли Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар Суғд мегӯяд, аз сӯи маъмурони амниятии ин вилоят мавриди таҳдид қарор гирифтааст, то бо онҳо ҳамкорӣ намуда, аз узвияташ дар ҲНИТ даст кашад.
Даврон Қодиров, ки бо “Озодагон” сӯҳбат мекард, гуфт, чанде пештар маъмурони амниятии вилояти Суғд ӯро даъват карда ва гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир ду роҳ дорад. “Онҳо гуфтанд, якум бояд барои мо аз ҷаласаҳои ҳизб иттилоъ расонӣ. Дувум аризаи худро навишта, аз узвият дар ин ҳизб даст кашӣ. Ман бори аввал ба ин ҳолат рӯ ба рӯ мешудам, чӣ гуфтанамро намедонистам. Гуфтам, ҷосусӣ карда наметавонам, зеро аз хурдӣ ин хислат ба ман бегона аст. Лекин дувум роҳро фикр мекунам, гуфтам”,- афзуд Даврон Қодиров.
Ба қавли мусоҳиби мо, аз ӯ ҳамчунин тақозо шудааст, ки дар назди дастгоҳи наворбардорӣ зидди Ҳизби Наҳзати Исломӣ сухан бигӯяд, вале ӯ ризоият надодааст. Манбаъ афзуд, маъмурони амниятӣ рӯзи сешанбеи 3-юми сентябр низ бо ӯ дар тамос шудаанд.
Баъд аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо руҳониён дар рӯзи 4-уми июли соли ҷорӣ, пахши барномаҳо алайҳи ҲНИТ дар телевизионҳои давлатӣ афзоиш ёфтааст. Тариқи шабакаҳои телевизионӣ гузоришҳое пахш мегардад, ки дар он намояндагони ҲНИТ сухан карда, изҳор менамоянд, аз узвият дар ин ҳизб огоҳ нестанд ё ки ин ҳизб барои мардум коре накардааст.