Аз мӯйсафеди ҷарроҳишудаи тоҷик дар Қаршӣ дараке нест
Носсиҷуб Эшмуродова, ҳамсари Мардон Буриеви 74-сола, ки аз ҷониби марзбонони узбак дар ноҳияи Панҷакент рабуда ва ахиран дар шаҳри Қаршии Узбакистон ҷарроҳӣ шудааст, изҳор медорад, ки чанд рӯз боз аз шавҳараш дараке нест.
Эшмуродова дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “чанд рӯз пеш як зани ношинос аз Узбакистон ба ман занг зада, хабари ҷарроҳӣ шудани шавҳарамро расонда, гуфт ҷарроҳии мӯйсафедам 5 соат бо ҳузури 5 духтур гузаштааст. Аз кадом беморӣ ӯро ҷарроҳӣ намудаанд, ба мо хабаре надоданд.”
Ба гуфтаи Эшмуродова ин зане, ки ба ӯ аз ҳоли муйсафедаш хабар додаст, изҳор доштааст, ки масъалаи раҳоии мӯйсафед баъди 9-уми сентябр маълум хоҳад шуд.
Эшмуродова мегӯяд, феълан ба он рақамҳои зани узбак занг мезанад, то ҳоли мӯйсафедашро фаҳмад, аммо аз он тараф ягон нафар ҷавоб намедиҳад.
Дар мавриди наздикони дигараш, ки аз ҷониби марзбонони узбак рабуда шуда буданд, Эшмуродова афзуд, ки 3-юми сентябр бо набераам Мануҷеҳр Буриев ва Сулаймон Буриев бо телфон ҳамсуҳбат шудам: “Онҳо гуфтанд, феълан дар Тошканд қарор доранд, вале кай ба Тоҷикистон интиқол меёбанд, ҳоло маълум нест. Набераам, ки хонандаи синфи 5 аст, гуфт, ӯро назадаанд, вале ҳамроҳҳои дигарашро задаанд.”
Ёдрас мекунем, ки 10 уми июн соати 18:00 дар ҷамоати Фароби Панҷакент аскарони узбак 5 тан аз ҷумла Мануҷеҳр Буриеври ноболиғ, Мардон Буриев ва писаронаш Сулаймон Буриев, Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимовро аз сари замини кишт боздошт карда ба Узбакистон бурданд.
Эшмуродова афзуд, он замине, ки мо дар он алафу гандум мекоридем, акнун маълум шуд, ки қаламрави Узбакистон будааст. Эшмуродова таъкид намуд, ки то ҳол мақомоти тоҷик моро фиреб намуда, аз мо муҳлати 9 сол андоз ситондаанд: “Ман пас аз раҳоии фарзандон ва мӯйсафедам ҳуҷҷатҳои замине, ки ба номи ман карда буданд ва муддати 9 сол андоз супорида будам ба расонаҳо мерасонам.”