Талаби дахолати суду прокуратура ба фишорҳо болои ҲНИТ
Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо пахши як муроҷиатнома аз мақомоти прокуратура ва суд талаб кардааст, ки ба фишорҳо болои ҲНИТ дахолат намуда, дастандаркоронро муҷозот намояд..
Дар муроҷиатномаи бахши ноҳиявии ҲНИТ дар Ҷ. Румӣ, ки зери он 23 узви раёсати ноҳия имзо гузоштаанд, аз ҷумла омадааст, ки “раёсат силсилабарномаҳои телевизионии якҷонибае, ки барои паст кардани маҳбубияти мардумии ҲНИТ намоиш дода мешаванд, маҳкум намуда, аз мақомоти прокуратура ва суд қотеъона талаб менамояд, ки нашри ин гуна барномаҳоеро, ки байни қишрҳои мухталифи ҷомеа эҳтимол нафрату бадбиниро зиёд мекунад, тибқи қонун таҳти назорат гирифта, муртакибони онро ба ҷавобгарӣ бикашанд.”
Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷ. Румӣ фазои носолими муносибат байни мақомоти давлатӣ ва аҳзоби сиёсӣ, ба хусус аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар кишвар дар арафаи баргузории интихоботи Президенти ҶТ фишори равонӣ барои эҷоди тарсу ваҳм ва нобовариву беэътимодии шаҳрвандон нисбати мақомоти давлатӣ медонад.
Дар муроҷиатномаи наҳзатиёни ноҳияи Ҷ. Румӣ аз ҷумла омадааст: Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад ва бо паси сар кардани чандин интихоботҳои парлумониву президентӣ бо ширкати ҳама қишрҳои ҷомеа ва аҳзоби сиёсӣ Тоҷикистон ба ҷаҳониён нишон дод, ки метавонад дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ бо камбудиву норасоиҳо ҳам бошад, дар ояндаи наздик ба бунёди як ҷомеаи қисман озоду демократӣ даст ёбад. Ва бо назардошти ин, муддате буд, ки шӯъбаву бахшҳои аҳзоби сиёсии кишвар дар маҳалҳо барои ширкат дар интихоботи Президентӣ омодагӣ доштанд, ки бахши ноҳиявии ҲНИТ дар Ҷ. Румӣ низ аз ин раванд истисно набуда, барои ширкат дар интихобот омодагӣ дошт. Вале табиист, ки фазои носолими нобовариву беэътимодӣ нисбати якдигар ахиран эҷодшуда намегузорад, ки нерӯҳои сиёсӣ бо камоли итминону боварӣ ва қарзу масъулияти шаҳрвандӣ дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ширкат намоянд.Нашри ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ дар байни шаҳрвандон, даъвати масъулини ҳизбӣ дар ибтидо барои сӯҳбати дӯстона ва баъдтар оҳанги таҳдиду фишор касб кардани онҳо бо намояндагони мақомоти иҷроияи давлатӣ, умури дохила, амният ва вазифадор шудани як гурӯҳ рӯҳониёни пуштибон аз ҳизби ҳоким барои тарғибу ташвиқиаз узвият ё масъулияти ҳизбӣ канор рафтан аз силсилаиқдомотест, ки то имрӯз масъулини ҳизбӣба он рӯбарӯ гардидаанд.
Раёсати бахши ҲНИТ дар Ҷ. Румӣ тамоми рафтор ва иқдомоти иддае аз намояндагон мақомоти давлатиро, ки мухолифат ба қонунгузорӣ ва Сарқонуни ҶТ дораду рӯҳияи дустиву бародариро халалдор месозад, қобили қабул намедонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳи мо тоҷикон бо чи қадар мушкилиҳо ба даст омад ва ҳифзи ин фазо барои ҳамаи мо тоҷикистониён қарзи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Аммо вазифа ва масъулияти мақомоти давлатӣ бошад, дар ин росто аз шаҳрвандони оддии кишвар дида, ба маротиб бештар аст.
Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷ. Румӣ аҳдофу ормон ва арзишҳои ҲНИТ-ро, ки аз Сарқонуни ҶТ, санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар сарчашма мегиранд, барои худ муқаддас шуморида, ҳамеша собиту устувории худро ҷиҳати амалишавии онҳо таъкид мекунад ва ҳаргиз даст ба кор ва даъвате намезанад, ки мухолифат ба ин арзишҳо дошта бошад. Дар навбати худ Раёсати бахшаз намояндагони мақомоти давлатӣ талаб менамояд, ки ба ҳар гуна амалҳои берун аз қонун хотима дода, шароити баробар барои фаъолияти аҳзобисиёсиро таъмин намоянд.
Ҳамзамон Раёсати бахш аз тамоми аъзову ҷонибдорони ҲНИТ дар ноҳияи Ҷ. Румӣ ва берун аз он даъват мекунад, ки дар роҳи фаъолияти худ собиту устувориро аз даст надода, худро гунаҳкор ё масъули амали ғайриқонуние надонанд. ҲНИТ-самараи Ваҳдати миллӣ ва кафолати фаъолияти озоди конститутсионӣ дорад, ҳеҷ кас новобаста аз ҷойгоҳу мақоматаш ҳаққи дахолат ба фаъолияти онро надорад. Итминон комил аст, ки ақли солим боло хоҳад гирифт ва бо кӯмаку инояти Худованд (ҷ) ин мушкилиҳо ҳам ҳамагӣ паси сар хоҳанд шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба узвияти ягон ҳизб даромадан ё хориҷ шудан аз суфуфи он ихтиёрӣ буда, шаҳрвандони кишвар тибқи майлу хостаҳои худ амал мекунанд. Вале суистифода кардани масъалаи аз узвият хориҷ шудани баъзе шаҳрвандон ва ҳангома сохтани дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва ҳамчун абзори фишор барои бадном кардани ҳизби сиёсӣ истифода шудани он дар ҷомеаи демократӣ сиёсати ғайримантиқӣ ва дур аз хирад аст.
Аъзои Раёсати бахши ҲНИТ дар Ҷ. Румӣ
1. Абдуқодир Холисов
2. Сияршоҳ Бобоев
3. Додарҷон Худойдодов
4. Сиҷоиддин Қутбиддинов
5. Муҳаммадтолиб Исломов
6. Абдулмуслим Аброров
7. Абдусаттор Атоҷонов
8. Акбар Дарвозиев
9. Эҳромуддин Гулов
10. Саидакбар Талбаков
11. Ҳасан Муҳиддинов
12. Алимаҳмад Бегматов
13. Маҳмадалӣ Шодиев
14. Шакархуҷа Шарбатов
15. Ғиёсиддин Гиёв
16. Асомиддин Идиев
17. Давронбек Аҳмадов
18. Ҳотамбек Маҳрамов
19. Моҳиҷиён Давлатова
20. Ҳаловат Аҳмадова
21. Аюб Сайидвалиев
22. Ғозибек Каримов
23. Неъмон Ҷуллоев