Дар донишгоҳи Кўлоб 6728 донишҷў таҳсил мекунанд. Дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри таълимгирандагони ин мактаби олӣ 162 синфхона буда, ба гуфтаи маъмурияти донишгоҳ, ин миқдор барои дарсомўзӣ басанда нест.
Аз ин сабаб донишҷӯёни донишгоҳ дарсҳоро дар ду баст анҷом медиҳанд. Нуралй Солеҳов, ректори донишгоҳ мегӯяд, биноҳои донишгоҳ ва синфхонаҳо каманд, ҳарчанд як бинои бузурге, маъруф бо номи «хонаи Ғаффор-седой» ҳанўз чанд сол муқаддам бо қарори вазорати маориф ба ихтиёри ин донишгоҳ супурда шуда буд, ҳанӯз нотамом аст ва бо гузашти вақт таъмирталаб низ гаштаст. Гуфта мешавад, ҳангоми бунёди иншооти 2700-солагии Кӯлоб ҳукумати марказӣ қарор бароварда буд то анҷоми сохтмони мазкур ба ихтиёри сохтмончиёни вилояти Суғд дода шавад, аммо бо сабабҳои номаълум сохтмончиён корро на оғоз карданду на ба анҷом расонданд.
Ҷаноби Солеҳов мегӯяд, «ҳамакнун ин бино пурра дар ихтиёри донишгоҳ мебошад, вале бо иллати набуди маблағ қудрати таъмиру барқароркунии биноро надорем. Вазорати маориф аз мушкили донишгоҳи Кўлоб огаҳ аст ва тасмим дорад сар аз соли 2012 ин ҷо бинои нави таълимӣ бунёд намояд.Тибқи иттилоъ, устодон дар донишгоҳ ба пуррагӣ мерасанд, ҳарчанд 30-фисади эшонро нафақагирон ташкил медиҳанд. Ба бовари ректор, «манфиат аз устодони кўҳансол барои муаллимони ҷавон хеле зиёд мерасад. Ҷавонон низ донишу саводи хуб доранд, вале баъзеашон ба боварӣ нестанд. Албатта мо такя ба ҷавонон дорем, вале аз таҷрибаи кўҳансолон бояд истифода барем. Аммо ин мушкил ба ҳисоб намеравад, проблемаи асосӣ ин ҳамоно камбуди утоқҳои дарсиву корӣ боқӣ мемонад»,-гуфт дар анҷоми сӯҳбат Нуралӣ Солеҳов.{jathumbnail off}