Латукӯб ва таҳдид ба писари мактабхон дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба ин ниҳод як сокини Душанбе муроҷиат карда, аз авбошӣ дар назди мактаби таҳсилоти умумии №35-и пойтахт хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ба шуъбаи пулиси ноҳияи Шоҳмансур, Раҷабов Асадулло Маҳмудович, соли таваллудаш 1954, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, арз доштааст, ки санаи 2-юми сентябр тахминан соатҳои 13:00-дақиқа, шахси номаълум дар назди мактаби таҳсилоти умумии №35, воқеъ дар кӯчаи Адҳамови пойтахт, писари ноболиғаш Раҷабов Амирхон Асадуллоевич, соли таваллудаш 1997-ро аз ҳиссиёти авбошӣ, бе ягон асос лату кӯб намуда ва бо таппончаи оташфишон ӯро таҳдиди куштан намудааст. Ба иттилои ВКД баъди ин шахси номаълум аз ҷоий ҳодиса ғайб задааст.
Вазорати умури дохилӣ меафзояд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, шаҳрванд Одинаев Аскар Аламшоевич, соли таваллудаш 1969, сокини Душанбе бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд. Ба иттилои ин ниҳод айни ҳол аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.