Тавофуқоти Убайдуллоев ва сенатори Фаронса дар бораи ҳамкорӣ
Имрӯз, 3 сентябр, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи парламентии Сенати Фаронса, таҳти роҳбарии сенатор - Дюле Андре ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруаро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфтааст.
Тавре Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси Миллӣ ба “Озодагон” иттилоъ дод, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, коркарди самараноки канданиҳои фоиданок, алалхусус ҷараёни корҳои иктишофи нафту газ ва истифодаи манбаъҳои алтернативӣ барои истеҳсоли нерӯи барқ муҳокимарониҳо анҷом доданд.
Ба иттилои манбаъ Убайдуллоев таъкид намудааст, ки ҷониби Тоҷикистон чун ҳамеша омодааст оид ба истифодаи захираҳои обӣ бо кишварҳои минтақа ҳамкории мутақобиларо минбаъд низ роҳандозӣ намояд: “Сенатор -Дюле дар навбати худ афзуд, ки бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш ҷиҳати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои доманфарохи иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои байнипарламентии ду ҷониб ва тавассути он мусоидат намудан ба густурдагии муносибати Маҷлиси миллӣ бо Сенати Фаронса тадбирҳои судмандро анҷом диҳад.”