Манбаъ афзуд, дар нишаст аз ҷумла зикр гардид, ки мақомоти ҷумҳурӣ саҳми ОПЭК-ро дар татбиқи пружаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамояд. Ҳамзамон, ҳукумати Тоҷикистон мутмаъин аст, ки ҳарду ҷониб имконияту шароитҳои фаровонро барои тавсеаи ҳамкории судманди дуҷониба ва диверсификатсияи он, махсусан дар соҳаи таъмин намудани кишвар бо маҳсулоти нафтӣ доранд.Роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди инфраструктураи иҷтимоӣ, қайд гардид, ки роҳбарияти бунёди ОПЭК барои тамдиди лоиҳаи муштараки «Сохтмон ва ҷиҳозонидани беморхонаи байниноҳиявии вилояти Хатлон» омода аст. Лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки сохтмони муассисаи табобатии мазкур анҷом ёфта, аҳолии Хатлон бо хадамоти муосири муолиҷавӣ бо истифода аз таҷҳизоти тиббии замонавӣ фаро гирифта шавад.{jathumbnail off}