Норозигӣ аз тафтишот алайҳи тоҷири чинӣ, ки дар таҷовузи духтараки тоҷик муттаҳам мешавад
Алишер Зарифӣ
Савсан Розиқова, вакили мудофеи як духтари ноболиғи тоҷик, аз рафти тафтишот алайҳи тоҷири чинӣ, Абдулажан Абдулайти, ки дар таҷовуз ба номуси духтараки зерҳимояаш айбдор мешавад, изҳори норозигӣ намуд.
Розиқова дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, мақомот зерҳимояашро бе ҳузури вакили дифоъ бо шаҳрванди Чин, ки ҷабрдидаро дар сини 11 солагӣ, соли 2011-ум таҷовуз намудааст, рӯ ба рӯ кардаадаанд. Дар ҳоле, ки Розиқова мегӯяд, бе иштироки вакили дифоъ рӯ ба рӯ намудани гумонбар ва ҷабрдида ва ҳамчунин бурдани тафтишот мумкин нест.
Абдулажан Абдулайти, шаҳрванди Хитой, ки пешвои ғайрирасмии уйғурҳои Тоҷикистон ном бурда мешавад ва бо номи Абдулло дар Шимоли кишвар машҳур аст ба гумони таҷовуз ба номуси духтараки 11-сола бо пешниҳоди Додситонии генералӣ ба ҳабс гирифта шудааст.
Савсан Розиқова қайд намуд, мақомоти тафтишотӣ айбдоршавандаро бо моддаи 141-и Кодекси ҷиноятии кишвар муттаҳам мекунанд, ки нодуруст аст: “Зеро моддаи 141 танҳо алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғро гуфтааст, яъне гуиё таҷовуз ҷой надоштааст ва ин кор бо хоҳиши ноболиғ шуда бошад: «Моддаи 138 бошад таҷовуз ба номуси духтари хурдсолро бар хилофи хоҳиши худаш пешбинӣ намудааст, ки ҳаракатҳои шаҳрванди чинӣ бо ҳамин модда рост меояд».
Аз ин хотир Розиқова аз Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки нисбати кирдорҳои Абдулажан Абдулайти моддаи 138 татбиқ карда шавад.
Дар дархости ин вакили дифоъ ба прокурори генералӣ навишта шудааст, ки зерҳимояашро модараш ба гумонбар ба тариқи маҷбурӣ никоҳ карда медиҳад:
«Гумонбар Абдулажан Абдулайти мунтазам, муддати 2-3 моҳ ба ҷабрдида тариқи маҷбурӣ аз ҳолати оҷизонаи ӯ истифода бурда, ба ӯ алоқаи ҷинсӣ мекунад, ки зерҳимояаш зарари хеле руҳиву ҷисмонӣ мегирад ва дар натиҷа ин кӯдаки хурдсол ба тақдираш тан додаст».
Савсан Розиқова иброз намуд, ки зерҳимояаш дар синни 12 солагӣ ҳомиладор мешавад ва гумонбар бо модари ҷабрдида ӯро маҷбуран ба таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе бурда, исқоти ҳамл мекунад. Ба қавли ин ҳамсуҳбатамон рӯзи якум ин духтари хурдсол метарсад, гиря карда, аз исқоти ҳамл худдорӣ мекунад ва рӯзи дуюм модараш ӯро ҷанг карда, ин корро амалӣ менамоянд.
Худи ин духтари ҷабрдида дар суҳбат ба «Озодагон» иброз дошт, ки модараш ӯро маҷбуран ба шаҳрванди Чин медиҳад ва ин чинӣ ӯро маҷбуран таҷовуз кардааст. Мусоҳибамон қайд намуд, ки дар таваллудхона - ҳамон чанд духтуре, ки дар исқоти ҳамли ӯ даст доранд, агар бинад, мешиносад. Ба гуфтаи вакили дифоъ айни ҳол модари ин духтар ба Чин фирор кардааст.
Ҷабрдида дар аризаи навиштаи худ ба прокурори генералӣ бо изҳори нигаронӣ гуфтааст, ки ҳоло тағояш ӯро ба ҳолаш нагузошта истодааст. Ба гуфтаи ин ноболиғ тағояш бо одамҳои Абдулажан Абдулайти маслиҳат кардааст ва мехоҳад ҷабрдида аз даъвояш даст кашад: “Ман бо тағоям бовар надорам ва аз кирдорҳояш шубҳа дорам.”
Ҳодисаи таҷавуз ба номуси ин духтар дар як хона, дар суроғаи Рӯдакӣ 93, дар рӯ ба рӯи қароргоҳи Президенти Тоҷикистон, дар пайи муносибатҳои қарзиву молии модари ноболиғ рух додааст.