Вазири маориф аз симаташ барканор шуд
Бакитҷан Ҷумагулов, вазири маорифи Қазоқистон аз вазифааш сабукдӯш шуд.
Расонаи “kapital.kz” такя ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати маорифи Қазоқистон менависад, Аслан Саринжипов иҷрокунандаи раҳбарии Шӯрои иҷроияи Донишгоҳи “Назарбоев” ба ҷои Ҷумагулов вазири маорифи ин кишвар интихоб шудааст.
Мақомоти қазоқ аз додани шарҳу тавзеҳот дар мавриди барканории Бакитҷан Ҷумагулов худдорӣ кардаанд.