Убайдуллоев аз додситонӣ назорати хару гову гусфандро талаб кард
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 2-юми сентябр, зими ҷаласаи кории шаҳрдорӣ аз додститонии шаҳр даъват кардааст, ки назорати риояи якмароми қонун «Дар бораи статуси пойтахти Тоҷикистон»-ро пурзӯр намояд.
Тавре аз Хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, мутобиқи қонун дар марзи шаҳри Душанбе парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, ин дастури Убайдуллоев дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки 9-уми сентябр таҷлил мешавад.
Дар ин равобит Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва дигарон супориш додааст, ба ифтихори ҷашни рӯзи Истиқлолият тадбирҳои иҷтимоӣ оид ба дастгирии оилаҳои ниёзманд роҳандозӣ карда шаванд.