КМИР: Муҳоҷирон ҳаққи имзо барои пешбарии номзадро надоранд
Ҳумайрои БАХТИЁР
Пешниҳоди номзад ба мансаби раёсатиҷумҳур дар Тоҷикистон аз 17-уми сентябр оғоз гардида, то 7-уми октябр идома хоҳад ёфт.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, тибқи қонунгузории кишвар 15 субъект- аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои касаба, созмони ҷавонони Тоҷикистон ва намояндагони маҷлисҳои маҳаллӣ ҳуқуқи пешниҳоди номзад ба курсии президентиро доранд.
Дар рафти баргузории ҷаласаи нахустин 15 аъзои КМИР бештар масоили корҳои омодагӣ, нақшаи чорабиниҳо, ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ ва муқаррар кардани теъдоди ҷамъоварии имзои номзадҳо ба мансаби президентиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Яке аз масъалаи баҳсбарангези ҷаласаи КМИР ин муайян гардидани ҷамъоварии 5 дарсади имзо, ё худ беш аз 200 ҳазор имзо барои номзадҳо буд. Шермуҳаммади Шоҳиён бо дарназардошти эроди қаблии номзадҳо аз эҷоди монеаҳо дар ин самт гуфт: «То ин замон ба манотиқи кишвар сафарҳои корӣ анҷом дода, бо раисони ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ, ки аз масъулони ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳо мебошанд, мулоқот анҷом додам. Зоҳиран дар ин интихобот мушкилоте ба монанди маҳдуд будани дастрасии аҳзоби мухолиф ба намояндагони расмӣ пеш нахоҳад омад. Дар сурати руй додани ин мушкилот, намояндагони аҳзоби мухолиф бояд ҳарчи зудтар моро огоҳ намоянд, то мушкилашон бартараф гардад.»
Дар робита Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИР гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди кишвар бештар аз 4 милион интихобкунанда, бо дарназардошти муҳоҷирони меҳнатӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҷавоби савол, ки оё муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ҳуқуқи пешниҳоди номзад ва ё имкони ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳоро доранд Абдуманнон Додоев, гуфт, на. Ӯ афзуд, ки муҳоҷирон ҳамзамон ҳуқуқи пешбарии номзадии худро надоранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик ин муқаррароти КМИР хилофи қонунгузорӣ мебошад. Номбурда мегӯяд, ки вақте шаҳрвандони кишвар дар сафар қарор доранд, масъулин бояд тамоми шароитро барои ширкати онҳо дар интихобот фароҳам оваранд.
Раҳбари дастгоҳи КМИР, Абдуманнон Додоев ҳамчунин аз барзиёд инъикос гардидани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори нигаронӣ карда гуфт: «Дар аксар расонаҳои хабарӣ гуфта мешавад, ки гуиё дар ҳоли ҳозир якуним ва ё 2 милион шаҳрванди кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта бошад. Ин иттилои дақиқ нест. Мо бо мақомоти дахлдор ҳамкории хуб дорем. Тибқи иттилое, ки мо руйи даст дорем, дар ҳоли ҳозир 900 ҳазор шаҳрванди кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад», гуфт Абдуманнон Додоев.
Номбурда дар идома гуфт, ки дар асл аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон мавсимӣ буда, бо фаро расидани фасли сармо дар Федератсияи Русия онҳо ба кишвар бармегарданд: «Аз ин хотир ба эҳтимоли зиёд дар моҳи ноябр берун аз кишвар мо 350-400 ҳазор интихобкунанда дошта бошем. Барои овоздиҳии онҳо мо ҳавзаҳои райъдиҳиро дар кишварҳои хориҷ ташкил хоҳем дод», илова намуд раҳбари дастгоҳи КМИР.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари коршиносон КМИР мутобиқи таҷрибаҳои гузаштааш амал карда, ин навбат низ тавозунро миёни аҳзоб риоя нахоҳад кард. Дар робита ба суханони Шермуҳаммади Шоҳиён, Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, ки ваъдаҳои раиси КМИР бо дарназардошти мансубияти ҳизбӣ амалӣ нахоҳад шуд: “Бубинед, ҳамон раисони шаҳру ноҳияҳо низ аъзои ҲХДТ ҳастанд. Аз ин ҷост, ки дар ин интихобот, онҳо талош хоҳанд кард, то манфиати номзад аз ҳизби ҳокимро пуштибонӣ кунанд, на ҳизбҳои дигар”.
Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, ки дар интихоботи президентии соли 2013 низ раисони шаҳру навоҳӣ барои мухолифин дастнорас буда, суханҳои Шермуҳаммади Шоҳиён ваъдабозие беш нест.
Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, ки тасмими КМИР барои маҳдуд кардани ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзад ба курсии президентӣ низ бе сабаб нест. Ба гуфтаи онҳо масъулин огоҳанд, ки дар ин авохир муҳоҷирон бештар аз вазъи худ нигаронӣ карда, ба эҳтимоли зиёд дар ин интихобот ҳар номзади дигарро тарафдорӣ хоҳанд кард, то ин ки номзад аз ҳизби ҳокимро.