Боздошти зани узбак, ки мехост додситонии Дубайро “тарконад”
Мақомоти пулиси шаҳри Дубай баъд аз музокироти 13 соата тавонистанд, “маргталаб”-и узбакро барои натарконидани додситонии ин шаҳр розӣ кунанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Дубайи Имороти Муттащидаи Араб, хабар медиҳад, ки шаҳрванди Узбакистон 1-уми сентябр ба бинои додситонӣ ворид шуда, таҳдид кардааст, ки бо маводи таркандаи дар баданаш буда, биноро метарконад.
Вале мақомоти пулис мегӯянд, ҳангоми тафтиши ин зан муаяйн шудааст, ки дар бадани "маргталаб"-и узбак ҳеч гуна маводи таркандае вуҷуд надоштааст.
Мақомоти пулиси Дубай аз додани иттилоот дар бораи ин шаҳрванди Узбакистон худдорӣ намуда, гуфтаанд, эҳтимол муноқашаи оилавӣ ин занро ба “маргталабӣ” водор кардааст.