Варзишгарони тоҷик дар Доғистон соҳиби чор медал шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба муҳорибаҳои омехта, ки дар мусобиқаи кушод миёни варзишгарони аз 18 то 21-сола дар шаҳри Махачкалаи Доғистон ширкат карданд, ду медали тилло ва ду нишони нуқра ба даст оварданд.
Тавре Сайдалӣ Уразалиев, президенти Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон, ба “Озодагон” иттилоъ дод, мусобиқаи мазкур ҳар охири моҳ миёни клубҳои шинохтаи ҷаҳон баргузор мегардад: “Тоҷикистонро клуби “Наврӯз”-и Комбинати гӯшт ва консерваи шаҳри Душанбе ва клуби “Барқ”-и ширкати “Барқи тоҷик” муаррифӣ карданд.”
Уразалиев гуфт: “Дар сабқатии олии мусобиқаи мазкур Маҳмадуллои Искандар дар вазни 73 кило бар ҳарифи худ ғолиб омада, медали тиллои мусобиқаро ба даст овард. Ахмед Мирзоев дар вазни 67 кило дар даври чоруми мусобиқа, ҳарифи худро шикаст дода нишони тиллоро соҳиб шуд. Шукрулло Носиров дар вазни 62 кило ва Азиз Ҳайдаров дар вазни 73 кило дар даврҳои чоруму панҷуми мусобиқа ҷойҳои дуюмро соҳиб шуда, нишонҳои нуқраи мусобиқаро сазовор гардиданд.
Варзишгарони тоҷикро дар ин мусобиқа Сайдалӣ Уразалиев, президенти Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон ва Шайдулло Ахмедов мураббии Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд.