Президент тамоми бойгарии худро эълон кард
Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, тамоми бойгарии ӯ 10 миллион доллар арзиш дорад.
Ба иттилои расонаи “kaztag.kz”, Атамбоев гуфтааст, ӯ ин 10 миллион долларро ҳар сол дар декларатсия менависад ва ягон амволи манқулу ғайриманқул надорад. Раисиҷумҳури Қирғизистон таъкид кардааст, ки дар хориҷ аз Қирғизистон низ ягон ширкате марбут ба ӯ нест.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расонаҳои хабарӣ Алмосбек Атамбоев дар даврони ҳукумати Аскар Акаев, собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон дар Туркия фаъолият намуда, ширкатеро дар ихтиёр дорад. Вале Атамбоев мегӯяд, дар ҳақиқат ман ҳангоми ҳузур доштанам дар Туркия ширкати муштаракеро таъсис дода будам, аммо он кайҳо баста шудааст ва ман ҳеч гуна моликияти кишварро ба онҷо набурдаам.
Атамбоев иқрор намудааст, ки дар гузашта чандин осоишгоҳҳо ва заводи “Автомаш” дар ихтиёраш буд. Аммо баъдан дар замони ҳукумати Курманбек Бақиев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон гирифта шудаанд.