Устои сартарош дар Кӯлоб мизоҷашро 54 корд задааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як устои сартарош дар шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар сартарошхонаи худ як нафарро 54 корд зада куштааст.
Тибқи ВКД ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони пулиси вилояти Хатлон, бо гумони даст доштан ба одамкушӣ шаҳрванд Тешаев Умед Сафаралиевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Кӯлоб, дастгир карда шуд. Ба иттилои манбаъ номбурда, санаи 31 августи соли 2013 дар дохили сартарошхонаи худ, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб бо шаҳрванд Алиев Абдурасул Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол намуда, бо воситаи корд 54 маротиба ба бадани охирон мезанад. Дар натиҷа Алиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.