Искандари Фирӯз мегӯяд, то як муддат сари чанбараки мошин намешинад
Искандари Фирӯз, хабарнигори шинохтаи тоҷик баъд аз як садамаи нақлиётӣ, ки ҳудуди 11 моҳ дар муолиҷаи тиббӣ қарор дошт, имрӯз 2-юми сентябр, дубора ба дафтари кори худ-Радиои ВВС дар Душанбе баргашта, дигарбора ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пайваст.
Номбурда дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, айни ҳол вазъи саломатияш хуб аст ва чун пештара дар ҷои кор нияти омода намудани хабару гузоришро дорад.
Искандари Фирӯз, мегӯяд баъди садама то як муддат сари чанбараки мошин намешинад, чун дар садамаи нақлиётӣ ҳуҷҷати ронандагияшро дуздидаанд, ҳоло барои рондани мошин дубора ҳуҷҷат барқарор накардааст: «Ҳоло як худрав харидорӣ намудаам, лекин ҳуҷҷат барои идораи мошин надорам. Ба дафтари корӣ бо мошини хидматӣ меоям».
Бозгашти дубораи Искандари Фирӯз ба фаъолияти рӯзноманигорӣ дар ҳолест, ки ӯ шаби 9-уми октябри соли 2012 ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншери Фирӯз дар хиёбони Исмоили Сомонии Душанбе ба як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дучор шуд. Ӯ пас аз як моҳ дар бемористони Қарияи Боло ба ҳуш омад ва табобати минбаъдаашро дар бемористони Ибни Сино ва хориҷи Тоҷикистон гирифт.
Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе, охири моҳи декабри соли 2012 шаҳрванд, Насрулло Шарифовро дар садамаи Искандари Фирӯз муттаҳам дониста, ӯро ба муҳлати се солу се моҳ аз озодӣ маҳрум кард.