“Хайр” Ҷоми ФФТ-ро ба Ваҳдат бурд
Тими “Хайр”-и Ваҳдат дар бозии финалии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дирӯз, 31-уми август дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо ширкати 3000 тамошобин баргузор шуд, дастаи ССКА «Помир»-и Душанберо шикаст дод.
Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 59-ум Шамсиддин Қосимов, нимҳимоятгари ССКА боз кард. Дар дақиқаи 73-юм бошад, Айдох Наполеони ганиягӣ ҳисобро баробар кард. Ғолиби сабқат дар пайи зарбаҳои ёздаҳметра маълум гардид. Зарбаи Раҳматулло Фузайлов, капитани ССКА “Помир” ба болочуби дарвоза бархурд. Бо ин ҳисоб 6:5 шуд.
Клуби “Хайр” ба ҷуз Ҷоми ФФТ ҳамчунин 20 ҳазор сомонӣ гирифт. Ба тими ССКА “Помир” нишони нуқра ва 10 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.