Дар ҳайати КМИР аз 8 ҳизби сиёсӣ танҳо ҲСДТ намоянда надорад
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҲСДТ дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, ҳизби онҳо дар ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон намоянда надорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои Фирдавс Табаров, масъули КМИР ҲСД-ро дар ин ниҳод Ҷамшед Ҷамшедов намояндагӣ мекунад: «Дар ҳайати комиссияи марказӣ аъзои ҲСДТ нест, вале дар феҳрасте, ки Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ ба Вазорати адлия барои бақайдгирӣ фиристодааст, гуиё ин ҳизбро дар КМИР Ҷамшедов Ҷамшед намояндагӣ мекунад».
Дар ҳамин ҳол Шокирҷон Ҳакимов гуфт, бо ин мазмун Раҳматилло Зойиров ба Вазорати адлияи кишвар ҳеч мактубе нафиристода, ин иттилои КМИР иштибоҳ аст. «Гап сари он меравад, ки мо ҳам тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ гардидем, ки гуиё ҲСДТ-ро расман дар КМИР Ҷамшедов Ҷамшед намояндагӣ мекардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки шахсияти ин инсон дар ҳизби мо боре ҳам мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Мо намояндагии ин шахсиятро дар КМИР эътироф накардаем ва ҲСДТ дар ҳайати КМИР ҳеч намояндае надорад»,- афзуд Шокирҷон Ҳакимов.
ҲСДТ яке аз ҳизбҳои мухолифи кишвар шинохта шуда, соли 2010 интихоботи парлумонии кишварро баргузорношуда эълон кард. Баъди чунин мавқеъгирӣ ҲСДТ ба таври автоматӣ аз Шӯрои ҷамъиятӣ, ки раҳбарии онро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бар ӯҳда дорад, хориҷ гардид.