Салимзода дар бораи барномаҳои телевизионӣ алайҳи ҲНИТ
Олим Салимзода, раиси кумитаи парлумони Тоҷикистон оид ба корҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотӣ ба суоли “Озодагон”, дар мавриди афзоиши пахши барномаҳои телевизионӣ алайҳи ҲНИТ гуфт, ин назари шаҳрвандон аст.
Салимзода 30-юми август, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, «оне, ки бархе аз шаҳрвандон дар бораи ҳизбҳо назари худашонро мегӯянду, аз он хориҷ мешаванд, ин кори шахсии онҳо ҳаст. Дуруст ё нодуруст будани ин амалро ман қазоват карда наметавонам, ин ба салоҳияти ман нест».
Салимзода афзуд, ки баъзе аз нерӯҳои сиёсӣ дар кишвар маъракаи омодагӣ ба интихоботи президентиро каме зудтар шуруъ кардаанд, вале расман ин маърака ҳамакнун шуруъ гардид. Ӯ муътақид ҳаст, ки интихобот моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон шаффоф ва тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ баргузор хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо руҳониён дар рӯзи 4-уми июли соли равон, пахши барномаҳо алайҳи ҲНИТ дар телевизионҳои давлатӣ афзоиш ёфт. Дар ин робита Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ба Кумитаи радио ва ТВ-и Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфт, агар мақсад аз ин барномаҳо таъмини гуногунандешӣ бошад, телевизионҳо барои ҲНИТ низ минбар диҳанд, то мавқеашонро иброз доранд. Аммо Кумитаи телевизион дар посух ба Кабирӣ роҳандозии маъракаи махсус алайҳи ҲНИТ-ро рад карда, изҳор дошт, ки дар барномаҳои телевизион назари шаҳрвандон дар бораи ҲНИТ пахш мешавад ва телевизионҳо уҳдадор нестанд, барои радди ҳар назари шаҳрвандон ба ҷониби дигар минбар ироа кунанд.