Тағйирот
Халил Қаюмзод
Дуруд хонандаи арҷманд!
Ин навбат дар бораи ... як дидгоҳи хосе менависам.
Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро метавон ба се гурӯҳ тақсим кард:
1 – Гурӯҳи аввал, ҷонибдорони ҳукумати рӯз. Онҳое, ки аз раисҷумҳури кунунии кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ пуштибонӣ мекунанд. Ин гурӯҳ боз ба чандин зергурӯҳҳо тақсим мешавад: а) Онҳое, ки аз зиндагӣ ва шарту шароити имрӯза қонеъанд. б) Онҳое, ки аз дигаргунӣ метарсанд. в) Онҳое, ки бе ин ҳукумат ҳастии худро аз даст медиҳанд. Яъне ҳама бойигариву шароите, ки доранд, бе мушкил ба даст овардаанд ва ҳарос доранд аз он, ки ҳукумати нав онҳоро аз ин дастовардҳо ва муфтхӯриҳо маҳрум месозад. Ин ҷо дар бораи шахсияти Эмомалӣ Раҳмон чизе наменависам...
2 – Гурӯҳи дуввум, ҷонибдорони тағйирот бо роҳи инқилоб. Аслан вожаи инқилоб худ ягон бадӣ надорад. Аммо мардуми мо аз ин вожа ҳарос доранд, фикр мекунанд, ки инқилоб, яъне ҷанг, ҷанги шаҳрвандӣ. Хуб, биёед ҳамин тавре, ки ҷомеа қабул кардааст аз он истифода кунем. Пас кӣ метавонад инқилоб кунад дар Тоҷикистон? Ба ҷуз онҳое, ки аз ҳукумат сахт ранҷидаанд дигар касе инқилоб нахоҳад кард. Чун ба гуфти Файзинисо Воҳидова: “дар рагҳои мардуми мо ба ҷои хун тарс гардиш мекунад.” Аммо тарс ҳам андоза дорад. Ба гуфти роҳбари гурӯҳи оппозитсионии “Ватандор”, Додоҷони Атовулло: “барфи бало болои боми ҳар сокини Тоҷикистон рехтааст”.
Кӣ аз ҳукумат ранҷидааст? Қариб, ки аксари аҳолии Тоҷикистон. Чун аҳолӣ аз бебарқӣ, бемаорифӣ, бекорӣ, бенизомӣ, беадолатӣ хаста ва дилгир шудааст, аммо ба назар мерасад ҳанӯз ба андозаи сахт наранҷидааст. Кӣ сахт ранҷидааст, кӣ метавонад набахшад? Пайвандони Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов, Лангарӣ Лангариев, Алии Бедакӣ, Мирзо Зиёев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Имомназар Имомназаров... Тамом, дигар касе не? Яъне, агар ҳукумат бираваду хешовандони онҳоро дастгир карда ба зиндон партояд, масъалаи инқилоб ҳал? Не, албатта. Чунки ҳар як фарди ҷомеаи имрӯз бо чандин нафари дигар алоқаву робита дорад. Ва ин алоқаву робитаву пайвастагиҳо метавонанд як гурӯҳи калон ва ё як ҳукуматро ташкил кунанд.
3 – Гурӯҳи саввум, ҷонибдорони интихоботи шаффоф ва бо роҳи қонунӣ иваз кардани ҳукумат. Бисёриҳо бовар намекунанд, ки дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ метавонад шаффоф гузарад. Яъне онҳо пешакӣ худро мағлубшуда мешуморанд. Албатта ин кори хуб нест. Чун Тоҷикистон ватани шумо ҳам ҳаст ва шумо ҳақ доред аз ҳар ҳукумате, ки рӯи кор бошад, талаби риоя шудани раъй ва ҳуқуқҳоятонро бикунед.
P.S. Э, биё бас кун, Халил. Сар кун, акаи Зафарча: “Хоҷа, бигӯ, ки ман манам, ман на манам, на ман манам”. Маст шав, бача.
P.P.S. Ба фикрам, аз ин пас, болои навиштани матлабҳои сиёсӣ нуқта мегузорам. Худо нигаҳбонатон, хонандаҳои гиромӣ!