Тадқиқот: Чаро роҳҳои Тоҷикистон вайрон мешаванд?
Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” зимни як тадқиқот талош кардааст, далели харобии роҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла онҳоеро, ки нав бунёд шудаанд, ошкор кунад:
Раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ яке аз дурнамои давлатӣ буда, солҳои охир ба бунёди роҳҳо таваҷҷўҳи бештар зоҳир карда мешавад. Ҳамасола аз ҳисоби буҷаи давлатӣ барои бунёду нигоҳдории роҳҳо маблағи муайян карда мешавад. Дар ин баробар парлумони Тоҷикистон созишномаҳоеро қабул мекунад, ки тибқи он давлатҳои хориҷ ва ё созмонҳои байналмиллалӣ роҳҳои мошингарди кишварро маблағгузорӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки бештари ин аснод маблағҳои грантиву қарзиро дар бар мегиранд.
Мантиқан, вақте қарзи давлатӣ гирифта мешавад, новобаста ба кадом самт равона шудани он, бояд он маблағҳо самаранок истифода карда шаванд. Ба хусус агар лоиҳаҳои стратегии давлатӣ бошанд, масъулияти истифодаи самараноки маблағ ҳам бояд бештар бошад. Инҷо мо мушахассан ба бахши роҳу роҳдорӣ аҳамият медиҳем, ки то кадом андоза ин маблағҳо самаранок истифода мешаванд? Вазорати нақлиёт, молия ва парлумони Тоҷикистон мегўянд, ки солҳои охир
барои роҳҳо маблағҳои бештар ҷудо карда мешавад. (Ҷадвали вазорати молия)
Ҳаҷми умумии хароҷоти нақлиёт аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар
давоми солҳои 2007-2013 (млн. сомонӣ)
Ҳарчанд мо аз вазорати молия дархости маълумоти 10 соли охирро доштем, вале масъулини вазорат ба мо ҷудо кардани маблағро барои 7 соли охир фиристоданд. Ба иттилои вазорати молия барои роҳсозӣ, аз навсозӣ ва таъмири роҳҳои Тоҷикистон бештар аз ҳама Бонки осиёи Рушд ва Бонки содиротиву воридотии Ҷумҳурии мардумии Чин саҳмгузор мебошанд. Мушоҳида ҳам аз ин ҷадвали Вазорати молия нишон медиҳад, ки дар 7 соли охир сол ба сол маблағҳои қарзиву грантӣ барои сохтмон ва нигоҳдории роҳ бештар ҷудо мешавад.
Коршиносон мегўянд, ки вақте ҳукумат ба роҳу роҳсозӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир мекунад, пас мушкилӣ дар ин бахш низ бояд кам бошад. Аммо мушоҳида мешавад, ки роҳҳо дар Тоҷикистон бештар ба таъмир ниёз доранд. Ин ҳам роҳҳое ҳастанд, ки давоми 8-10 соли охир бунёд шудаву зуд хароб гардидаанд. Масъулини вазорати нақлиёт мегўянд, ки сабаби аслии зуд вайрон шудани роҳҳо кам ҷудо гардидани пул барои нигоҳдории онҳо мебошад. Вале таҳлилгарон бар ин назаранд, ки маблағҳои ҷудо гардида ба ҳадди имкон кифоя аст. Тадқиқоти мо муайян кард, ки дар баробари дигар сабабҳо, ба харобшавии роҳҳо авҷи фасод ва риоя накардани меъёрҳои муқаррар гардида дар сохтмони роҳ нақши калон мебозад.
Агар болотар дар ҷадвали вазорати молия маълумот дар мавриди маблағгузории роҳҳо аз ҳисоби давлатҳо ва созмонҳои хориҷ буд. Дар ҷадвали зерин иттилоъ дар бораи аз ҳисоби буҷаи давлат ҷудо кардани маблағҳо барои сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо нишон дода мешавад. Дар ин маврид низ мо мебинем, ки ҳукумати Тоҷикистон низ сол то сол барои нигоҳдорӣ ва сохтмони роҳ таваҷҷўҳи бештар зоҳир мекунад.
(Ҷадвали вазорати нақлиёт, маблағ бо млн. сомонӣ нишон дода шудааст)
Ба маврид аст, агар инҷо маълумоти умумӣ дар мавриди тарзи сохтмони роҳ ва қабатҳои аслии он бидиҳем. Инак, мутахассисони соҳа мегўянд, ки меъёри аслии роҳсозӣ дар тамоми кившарҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон якранг буда, роҳи мошингард аз 7 қабати аслӣ иборат аст. Тадқиқоти мо низ нишон медиҳад, ки сабаби аслии зуд хароб гардидани роҳҳо ин ба эътибор нагирифтани нозукиҳо ҳангоми сохтмони роҳ ва ё умуман риоя нагардидани меъёри муаяйн гардида мебошад.
Чаро роҳҳои Тоҷикистон зуд хароб мешаванд?
Ҳарчанд барои сохтмон ва нигоҳдории роҳ аҳамияти хоса дода мешавад, вале дар ин баробар ҳолатҳое ҳам кам нестанд, ки роҳҳои сохта шуда дар як муддати кўтоҳ корношоям шуда, ниёз ба таъмир пайдо мекунанд. Масъулини вазорати нақлиёт мегўянд, ки зуд хароб шудани роҳҳо дар Тоҷикистон чанд сабаб дорад.
Рустам Абдуллоев, корманди Маркази татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ, ки 34 соли собиқаи корӣ дорад мегўяд, ки хароб шудани роҳ дар Тоҷикистон чанд сабаб дорад. Яке аз он ин ба миқдори кам ҷудо гардидани маблағ барои нигоҳдории роҳҳои бунёдшуда мебошад. Рустам Абдуллоев мегўяд, ки вақте бо қарзҳои бузург роҳҳо дар Тоҷикистон сохта мешавад, пас барои нигоҳдории он аз тарафи буҷаи давлатӣ бояд маблағҳои хуб ҷудо карда шавад. Ба иттилои номбурда агар дар Аврупо барои нигоҳдории 1км роҳ аз 15 то 30 ҳазор доллар ҷудо кунанд, барои ҳамин миқдори роҳ дар Тоҷикистон маблағ вобаста ба категорияи роҳ ба ҳисоби миёна 2 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунанд.
Рустам Абдуллоев мегўяд, ки дар баробари роҳсозӣ таъмиру нигоҳдории он ҳам яке аз бахшҳои муҳими роҳдорӣ мебошад: “Дар мо фикр мекунанд, ки бо роҳ сохтан дигар мушкил пеш намеояд. Аммо ин тавр нест. Барои он, ки роҳ бояд то ҳамон 30-40 соли пешбинишуда хидмат кунад, нигоҳдории он ҳам бояд хуб маблағгузорӣ карда шавад. Манотиқе ҳастанд, ки дар он ҷо роҳҳо аз ҳисоби сардии зимистон ва ё фаромадани ярчу сел бештар осеб мебинанд. Аз сабаби ба миқдори кофӣ ҷудо нагардидани маблағ роҳҳо сари вақт тоза накарда шуда, зуд хароб мешаванд”.
Рустам Абдуллоев нигаронӣ аз он дорад, ки феълан ҳукумат бо қарзҳои ҳангуфти давлатӣ роҳро месозад, пас ҳамин гуна бояд аҳамият ба нигоҳдории он бидиҳад. Дар сурати ғайр роҳҳои бунёдшуда давоми 5-6 соли оянда комилан валангор мешаванд. Дар назди роҳ обёрӣ кардани заминҳо ва нигоҳдории хоҷагиҳои фермериро Рустам Абдуллоев сабаби дигари харобшавии роҳ медонад.
Ғайр аз ин, Рустам Абдуллоев мегўяд, ки иллати аслии зуд хароб шудани роҳҳо дар Тоҷикистон, ин вориди мошинҳои вазнин мебошад. Тибқи меъёри байналмилаллӣ аз роҳ бояд мошинҳои вазнашон то 40 тонна истифода кунанд. Танҳо дар Олмон ин меъёр каме дигаргун буда, дар он кишвар мошинҳои вазнашон то 42 тонна ҳуқуқи ҳаракатро доранд. Аммо дар Тоҷикистон агарчӣ меъёри муқарраршуда 40 тона буда, дар ин маврид қонуни давлатӣ ҳам қабул шудааст, вале воқеъият нишон медиҳад, ки аз роҳҳои мо мошинҳои вазнашон то 70-80 тона ҳаракат мекунанд: “ Аслан ин мошинҳои боркаши мутаалиқ ба соҳибкорон мебошад. Мо дар ин маврид муроҷиат ба ҳукумат доштем, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин ҳодиса. Пеши роҳи ин корро гирифта натавонистанд. Маълум мешавад, ки ин тиҷорати бузурги афрорди “дастнорас” ҳаст. Новобаста ба кӣ таалуқ доштани ин мошинҳо, ҳукумат бояд пеши роҳи онҳоро бигирад”.
Чун ин роҳи давлатӣ буда, бо қарзи давлатӣ сохта мешавад, илова намуд Рустам Абдуллоев. Номбурда мегўяд, ки бояд низомеро ҷорӣ кард, то тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи меъёр ва қонун фаъолият ва зиндагӣ карданро аз худ кунанд.
Ин гуфтаҳоро Ибодулло Қурбонов, муовини раҳбари оҷонсии “Тоҷикстандарт” таъйид карда гуфт, ки дар ҳоли ҳозир онҳо дар якҷоягӣ бо вазорати нақлиёт ва Донишкадаи техникӣ тасмими таҳияи як санади меъёриро доранд. Ҷаноби Қурбонов гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳаракати он мошинҳо манъ гардидааст.
“Мошинҳои боркаши то 70 тонна ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Мо онҳоро бозпас дода наметавонем, чун он мошинҳо моли соҳибкорон ҳастанд. Мо танҳо як роҳ дорем. Бояд санадҳои меъёриро мутобиқ гардонем, то мошинҳо борашонро камтар кунанд”.
Дар робита Нарзулло Шарипов, сардори раёсати ба меъёрдории техникӣ ва стандартизатсиякунонии оҷонсии “Тоҷикстандарт” изҳори нигаронӣ аз он дошт, ик мошинҳои боркаш хилофи меъёри муқаррар гардида дар Тоҷикистон ҳаракат мекунанд: “Мошинҳо боркаш бояд танҳо шабона ҳаракат кунанд. Аммо, дар Тоҷикистон ҳатто дар ҳарорати 40-45 дараҷа гармӣ ҳаракат мекунанд, ки ин ҳам яке аз сабаби вайрон гардидани роҳҳо мебошад. Агарчӣ роҳ бо риояи тамоми меъёрҳои ҷаҳони бунёд шуда бошад ҳам, вале дар гармӣ ҳаракат кардани мошини вазнин онро зуд хароб мекунад”.
Масъулини “Тоҷикстандарт” ҳамзамон гуфтанд, ки онҳо барои зуд зуд хароб гардидани роҳҳои тозабунёди кишвар ҷавобгар нестанд. “Тоҷикстандарт” танҳо масъул барои сифати маҳсулоти мавриди истифода буда, боқӣ назорат ба салоҳияти вазорати нақлиёт аст.
Тендер, фасод, роҳ ва Тоҷикистон
Мутахассисон бар ин назаранд, ки фасод сарчашмаи аслии харобкориҳо дар Тоҷикистон мебошад. Албатта эътироф кардани мавҷудияти фасод дар бахши роҳдории Тоҷикистон ва ё умуман ҳукумати кишвар хабар ва ё сухани наве нест. Коршиносон ҳам бар ин назаранд, ки қолабхои фасод дар тамоми кишварҳои пасошўравӣ бо як шакл сурат мегиранд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки роҳҳо дар Тоҷикистон бо барфи аввал қисме аз роҳҳои тозабунёд зуд хароб мешавад. Мушкили аслии зуд вайрон шудани роҳро коршиносон на дар фасли гармо истифода кардани роҳ, балки дар бесифат сохтани он медонанд. Гуфта мешавад, ки қабл аз сохтмони роҳҳо тендерҳо эълон мешавад, ки фасод дар бахши роҳсозиву роҳдорӣ аз ҳамонҷо шурўъ мешавад. Аммо тендерро ширкатҳо аз рўйи барномарезӣ ба даст намеорад. Мутахассисон мегўянд, ки вақте ширкати роҳсоз баъзе тендерро дар асоси фасод ба даст меорад, пас ҳамон маблағи порадодаи худро, аз ҳисоби сарфа кардан дар материалҳои истифодашуда бозмегардонад.
Маврид ба зикр аст, ки дар исботи ин занҷираи фасоди ҳукумат то ширкату роҳсозон ҳатто мутахассисони зиди корупсионӣ оҷиз мондаанд. Вале ҳамин сол то сол маблағи бештар ҷудо шудан барои роҳсозӣ ва мушоҳидаҳо барои риоя нагардидани тамоми меъёри бунёди роҳ ҳокӣ аз он аст, ки маблағи буҷа ва қарзҳои давлатӣ дар Тоҷикистон самаранок истифода намешаванд.
Меъёрҳои роҳсозӣ
Гуфтан ба маврид аст, ки роҳсозӣ вобаста ба категорияи роҳ аз 6 қабати маъмулӣ иборат буда, вобаста ба сатҳи намнокии замин боз 1 қабати дигар илова ҳам мешавад. Агар замин, ҷойе ки тавассути он бояд роҳ сохта шавад, намнок бошад, қабл аз ҳамаи қабатҳо роҳсозон бояд он қитъаи заминро дренаж кунанд.
1.Дренаж- (қубурҳои махсус барои паст кардани обҳои зеризаминӣ), гуфта кореро мегўянд, ки қабл аз он ҳамон қитъаи намноки заминро то сатҳи лозима кофта, баъдан сангҳои бузург гузошта, бояд бо мошини вазнин трамбовка кунанд. Агар қабатҳои болоии замин як меъёр ва сатҳи муаяйн доранд, дренаж ин хусусиятро надорад. Роҳсозон мегўянд, ки аснои дренаж кардан трамбовкаи сангҳо то ҳолате идома меёбад, ки тамоми қисми намнокии замин аз он берун нашавад. Тавре зикр кардем, дренаж танҳо дар қитъаҳои намноки замин карда мешавад.
2.Сабгрейд -Қум– ин таркиби аслӣ буда, он аз сангрезаҳо ва ё қуми дарё иборат аст. Ин қабати хобиши замин буда, он меъёри муаяйн надорад. Барои ҳамвор кардани роҳ аз сангрезаҳо то ҳадди лозим истифода бурда мешавад.
3.Бейскорс (шағал бо иловаи хоку қум) – ин қабати дуввуми роҳ буда, он аз сангрезаҳои калон иборат аст. Баъди қабати якум, вақте роҳ алакай ҳамвор карда мешавад, барои қабати дуввум ва дигар қабатҳо меъёри муаяйн пешбинӣ карда шудааст. Қабати дуввум аз 30 см иборат мебошад.
4.Сабейскорс (шағал бо иловаи хоку қум)– ин қабат низ аз 30 см сангрезаҳои калон иборат буда, баъди рехтани он, бояд мошини вазнин трамбовка карда шавад.
5.Битумная протирка – об кардани битум ин қабати замин аз усули сахт кардани қабатҳои поён бо истифода аз 6 ё 7 см асфалти хом иборат мебошад.
6.Асфалт- маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии кор роҳсозон ду қабати болоиро мумфарш мекунанд. Қабати поёнии асфалт, аз 7 см иборат мебошад.
7.Асфалт- ин қабати роҳ 5 см мумфаршкуниро дар бар мегирад.
Мутахассисон мегўянд, ки сабаби аслии зуд зуд хароб шудани роҳҳои мошингарди умумиҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон ин риоя накардани меъёрҳои муаяйн гардида ҳангоми сохтмони онҳо мебошад.
Барои мисол мо инҷо аз истифодаи сабейскорс дар сохтмони роҳ ҳисобу китоб мекунем. Тибқи меъёр дар як қабати роҳ бояд 30 см сабейскорс рехта шавад. Тибқи маълумоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон қимати 1 тонна сабейскорс вобаста ба масофаи роҳ ва коркард аз 10 то 25 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Мутахассисон мегўянд, ки ба далели авҷи фасод дар Тоҷикистон меъёри сохтмони роҳҳо риоя карда намешавад. Мо ҳам ба ҳисоб мегирем истифодаи сабейскорсро дар 60 км роҳ дар паҳноии 24 м бо маблағи миёна ба ҳисоби 10 доллар. Ин як ҳисоби оддӣ ва дар натиҷа маълум мешавад, ки танҳо барои нарехтани 1 см сабейскорс ширкатҳои роҳсозӣ дар масофаи 60 км / 24 м 144 ҳазор доллар барои худ “пасандоз” мекунанд. Акнун тасаввур кунед, ки дар ҳар метри кубии роҳи тозабунёди кишвар аз ин 30 см-и муқаррар гардида, дар баъзе ҷойҳо ҳатто 5-8 см камбудӣ ба чашм мерасад, ки маблағи кам нест.
Мутахассисон мегўянд, ки усулҳои зиёд дар “захира” кардани маблағ аз сохтмони роҳ мавҷуд аст. Барои мисол аз меъёр кам истифода бурдани техника, маводи сўзишворӣ ва ҳамчунин пулшуйи бо ишора аз кандани тамоми асфалтҳои кўҳна.
Бо ишора ба ҳатмӣ будани кандани қабати болоии мумфарши роҳ, коршиносон мегўянд, ки бисёр ҳолатҳое ҳаст, ки ширкатҳои роҳсозӣ онро хароб намекунад, ҳарчанд дар санадгузорӣ кандани он ҳатмӣ аст. Мутахассисон мегўянд, ки танҳо аз ҳамин ҳисоби накандани қабати болоии роҳи кўҳна ширкатҳо чӣ қадар маблағ ҷамъ мекунанд. Зеро онҳо аз ҳисоби истифодаи техника, сўзишворӣ ва нерўӣ корӣ барои худ аз буҷаи лоиҳа маблағ сарфа мекунанд. Ҳолатҳое низ ба мушоҳида расидааст, ки дар сохтмони баъзе роҳҳои кишвар ба ҷойи маҳсулоти сабейскорс ва ё бейскорс ширкатҳо аз хок ва ё порў истифода кардаанд. Ба ҳадди лозимӣ трамбовка нашудани қабатҳои поёнӣ ва ба меъёри лозимӣ ҷавобгў набудани сохтмони роҳро мутахассисон иллати аслии хароб шавии он медонанд. Коршиносон мегўянд, ки авҷи фасод ва хунукназарии ширкатҳои сохтмонӣ ва ҷиддан таҳти назорат нагирифтани ин кор аз ҷониби кумисияи давлатии қабули сохтмони роҳҳо бойис мегардад, то роҳҳои тоза бунёд ба ҷойи 40-50 сол танҳо 5-10 сол мавриди истифода қарор бигиранд.
Инҷо акнун пурсишҳое пайдо мешавад, ки чаро бо вуҷуди ин ҳама мушкилот вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт то имрўз хомўш аст?
Вакте ки коммиссияи давлати роҳҳоро қабул мекунад, онҳо қабатҳоро чи тавр чен мекунанд?
Оё масъулини вазорати нақлиёт ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт пайваста аз рафти таъмир ва сохтмони роҳ хабар мегиранд? Оё то имрўз вазорати нақлиёт боре ҳам норасоиҳоро дар сохтмони роҳ ба қайд гирифтааст? Дар робита ба мавҷудияти фасод дар ин самт вазорат чӣ маълумот дорад?
Коршиносон бар ин назаранд, ки мушкилот ва ё фасодро дар умури роҳдориву роҳсозӣ исбот кардан ғайриимкон аст. Зеро ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман мардум дастрасӣ ба асноди мақомотро надоранд. Дар ҳар кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд барои ба вуҷуд наомадани нофаҳмӣ миёни давлат ва мардум, ҳукумат фаъолияти тамоми мақомотро шаффоф ба роҳ мемонад. Аммо ин мушкил дар Тоҷикистон аст. Дар сурате, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, мардум ҳуқуқ дорад ҳамчун андозсупоранда аз ҳукумат ва ё вазорати мавриди назар талаб намояд, ки маблағҳои онҳо ҳамчун андозсупоранда дар бахши роҳ то кадом андоза ба манфиат истифода мешавад.