Истгоҳҳои Душанбе: Тахтаи муҳаббатнома, лавҳаи наққошӣ ва нуқтаи эълон (№1)
Аз ҳафт соли қабл истгоҳҳои сохти Шӯравӣ дар Душанбе хароб ва ҷои онҳоро истгоҳҳои ба қавли мақомот муосир гирифт. Он вақт гуфта шуд, ки барои бунёди ҳар як аз чунин истгоҳҳо 18 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.
Се тарафи ин истгоҳҳо боз буда, як ҷониби дигар бо шиша пушида аст. Бо гузашти чанд фурсат болопуши бархеи онҳо ба қавле аз боду борону офтоб газанд ёфт ва ба иваз кардан ниёз пайдо кард. Шишаҳои қисме аз истгоҳҳо бо далелҳои мухталиф шикаста фуру рехт. Баъдан ба ҷои шишаро дар бархе истгоҳҳо тунука гирифт. Як мушоҳидаи сарироҳии хабарнигори “Озодагон” нишон дод, ки ҳоло қисме аз ин истгоҳҳо ҳамчун лавҳаи наққошӣ, ҷои изҳори муҳаббат ва насби эълону реклом истифода мешаванд. P.S. Аз ин баъд дар бахши аксҳои торнамои хабаргузории “Озодагон” гузоришҳои тасвирие нашр хоҳанд шуд, ки паҳлуҳои мухталифи зиндагии пойтахтро бозгӯ мекунад. Гузориши истгоҳҳо аз ҳамин силсила аст.