ВУД мехоҳад фидоиёни маргталаб эъдом шаванд
Вазорати умури дохилии Афғонистон тақозо кардааст, фидоиёни маргталабе, ки дар анҷоми амалҳои терорӣ муваффақ нашуда, дастгир мегарданд, эъдом шаванд.
Сиддиқ Сиддиқӣ, намояндаи расмии ВУД ба муассисаҳои додгоҳӣ муроҷиат карда гуфтааст, чунин афрод бояд ба олитарин навъи ҷазо маҳкум шаванд. Дар изҳороти сухангуи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфта мешавад, фидоиён бо супориши хориҷиён ба ҷони мардуми осоиштаи афғон хатар эҷод мекунанд Кормандони ҳифзи ҳуқуқ бошанд, барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои онҳо ҷони худро дар хатар мегузорандю
Дар ҳоли ҳозир дар зиндон ва боздоштгоҳҳои Афғонистон садҳо фидоиёни маргталаб, ки ба анҷоми амалиётҳо муваффақ нашуданд, нигоҳдорӣ мешаванд. Мақомоти Афғонистон бар инанд, ки бештари ин фидоиён дар Покистон тамрин дида ва барои анҷоми амалиётҳои терорӣ ба хоки ин кишвар мегузаранд.