Лату кӯби довари бозӣ аз сӯи мухлисон
Дар ипадроми шаҳри Бишкек мухлисони бозии “Бузкашӣ” довари сабқатро барои “беадолатияш” шадидан лату куб карданд.
Ба навиштаи “kloop.kg”, мухлисон довари бозиро дар ҳоле мавриди зарбу шатм қарор додаанд, ки ӯ ҳангоми доварии сабқати тимҳои “Талас” ва “Кожомкул”-и Қирғизистон як голи дастаи аввалиро ба инобат нагирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, бо вуҷуди ин ҳама бозӣ баъд аз анҷоми муддати танаффус идома ёфта, он ба фоидаи дастаи “Кожомкул” бо ҳисоби 7:4 ба анҷом расид.
Ташкилкунандагони ин сабқат аз додани шарҳу тавзеҳот дар ин бора худдорӣ карда, айни ҳол дар бораи вазъи саломатии довар маълумоти дақиқ дастрас нест.[center]