Раҳмон лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистонро барои амнияти Афғонистон зарур гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, Ян Кубиш вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистонро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки «Тоҷикистон минбаъд низ мусоидати худро барои таҳкими амнияту суботи иҷтимоию сиёсӣ ва эҳёи иқтисодиёти Афғонистон идома хоҳад дод».
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки тадбирҳои минтақавии Тоҷикистон ва дигар шарикони он, аз ҷумла доир ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, дигар роҳҳо ва хатҳои нави интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон мавриди дастгирии муассисаҳои байналмилалӣ қарор мегиранд. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, Тоҷикистон дар шакли ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, омодасозии кадрҳои ин соҳаҳо дар кишвари мо ва ҳамчунин тавассути татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию зербиноӣ, аз ҷумла интиқоли нерӯи барқи арзон барои рушд ва суботи Афғонистон мусоидат мекунад.
Ба иттилои хадамоти матбуотии президент, Ян Кубиш ба нақши Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон дар минтақа баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор намудааст, ки «Тоҷикистон воқеан ҳамсояи нек ва дӯсти боэътимоди Афғонистон аст».