Эътироз аз ҳабси 4 писар, домод ва муовини Зайд Саидов (НАВШУДА)
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 писар ва домоди Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷикро барои ташкили флеш-моб ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум кард.
Дар ин бора ба “Озодагон” Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд хабар дода, афзуд, ки макони нигоҳдошти онҳо то ҳол мушаххас нашудааст.
Баробари ин додгоҳ Мавҷуда Соҳибназарова, яке аз ташаббускорони ташкили ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро ба миқдори ҳафт нишондиҳандаи ҳисоботӣ ё худ 280 сомонӣ ҷарима кардааст. Инчунин масъули амнияти бинои “Пойтахт”, ки флеш-моб дар боми ин бино баргузор шуд, ҷарима шудааст.
Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи ташкилкунандагони флеш-моб дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, ба дасти додгоҳ 10 аризаи шикоятии ронандагон расидааст, ки гӯиё ҳангоми ташкили флеш-моб дар назди бинои "Пойтахт" дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи Душанбе давоми ним соат роҳбандӣ сурат гирифтааст: "Мо аз болои ин таъиноти судӣ шикоят хоҳем бурд, чун дар флеш-мобе, ки гузаронида шуд, ҳеч майдаавбошие ҷой надошт. Дар парванда омадааст, ки гӯиё дар ин флеш-моб дағалию роҳбандӣ сурат гирифтааст. Аммо дар мурофиа ягон далели вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ ироа нагардид. Ростӣ, аз рӯи мантиқ ҳам нафаҳмидам, ки сар додани пуфак ва кабутарҳо ба ҳаво чӣ ҷои авбошӣ доштааст."
Ба гуфтаи Табаров ягон шоҳиде, ки гӯиё аз болои ташкилкунандагони флеш-моб шикоят бурдаанд, дар мурофиаи додгоҳӣ ҳозир набуданд: "Танҳо муҳофизи бинои "Пойтахт" Додаров Вайсиддин пурсида шуд, ки алайҳи ташкилкунандагони флеш-моб шоҳидӣ додааст."
Қаблан додгоҳи Исмоили Сомонӣ, Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари гуруҳи ташаббускори "Тоҷикистони нав"-ро ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум карда буд. Ин мурофиа пушти дарҳои баста баргузор гардид.
Мавҷуда Соҳибназарова, узви гурўҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав», дар сўҳбат ба «Озодагон» гуфта буд, субҳи имрўз ҳамаи ташкилкунандагони флеш-моб, аз ҷумла худи Мавҷуда, Маҳмудҷон Қосимов, Хайруллоҳ Саидов ва чор писари дигари Зайд Саидовро мақомоти пулиси Исмоили Сомонӣ барои бозпурсӣ даъват карда, аз идораи пулис ба додгоҳи ноҳия бурдаанд. Соҳибназарова танҳо ҳаминро хабар дод, ки ташкилкунандагон аз рӯи моддаи 460-и Кодекси маъмурӣ, яъне нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ё худ майдаавбошӣ муттаҳам мешаванд. Моддаи 460 муқаррар кардааст, ки "барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, - ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазо таъйин карда мешавад."
Аммо Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, пешниҳоди чунин иттиҳомро алайҳи ташкилкунандагон ғайриқонунӣ гуфт, "чун дар қонунгузорӣ ишора нашудааст, ки барои флеш-моб бояд иҷозат гирифта шавад. Баробари ин ташкилкунандагони флеш-моб як ҷойеро интихоб намуданд, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон намекард. Онҳо дар бом гузарондаанд ва ҳамаи меъёрҳоро риоя кардаанд."
Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 27-уми август, ки аз боздошти Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик расо сад рӯз пур шуд ва дар маркази Душанбе, дар боми бинои "Пойтахт" ба ҷонибдории ӯ як флэш-моб ташкил гардид. Дар маркази Душанбе беш 50 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ гардида ба хотири раҳоии Зайд Саидов, ки расо 100 рӯз дар боздоштгоҳ қарор дорад, сад кабӯтар ва як акси калони Зайд бо пуфакҳои газдор ба фазои кушод сар дода шуданд.
Дар пайи ин флешмоб нимаи дуввуми рўзи 27-ум идораи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҳмудҷон Қосимов ва панҷ писари Зайд Саидовро барои бозпурсӣ даъват карда буданд. Мақомот иддао доранд, ки ташкили флешмоб ғайриқонунӣ буд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.
Айни ҳол парвандаи Зайд Саидов, баъди омӯзиш дар додситонии генералӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст.