Рӯзи 1-уми август дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон шурӯъ мешавад
1-уми август дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад.
Бино ба иттилои Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ, тибқи тақвими имсола, намози таробеҳи нахустини ин моҳи муборак шоми якшанбе, 31-уми июл баргузор мешавад. Зимнан, Шӯрои исломӣ аз тоҷирон ва савдогарони кишвар даъват кардааст, ки арзиши молу колои худро дар моҳи мубораки Рамазон боло набаранд ва қабл аз ҳама нархи маводи ғизоиро коҳиш бидиҳанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд.Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд.Кӯмак ва хайру эҳсон ба камбизоатон ва мӯҳтоҷон низ яке аз суннатҳои ин моҳи муборак маҳсуб мешавад. {jathumbnail off}