Мубориза бо терроризм ё идомаи ҳузур дар минтақа
Агар қарор аст Ал-қоида ва гуруҳҳои дар иртибот бо он, дар ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ҳазф шаванд, чаро талош мешавад, ки аз неруҳои вобаста ба ҳамин шабака дар бархе дигар аз кишварҳои исломӣ ҳимоят шавад?
Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар шароите, ки ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ алайҳи аҳдофи хориҷиро бархе мутафакироне назири Ҷорҷ Фридман, бахше аз стротегии амали ҷароҳии гирфта шуда тавассти Барак Обама медонанд, ҳамалоти ин ҳавопаймоҳо акнун як таноқуси бузург дар сиёсати хориҷи Иёлоти муттаҳида анҷомида аст.
Амрико аз сол 2001 ба хотири ончи мубориза алайҳи терроризм хонда шуд, силселаи куштори васеъеро дар ҷаҳон оғоз кард, ки акнун 12 сол пас аз оғоз танҳо ба қавитар шудани шабакаи Ал-қоида ва густариши нуфузи ин шабака анҷомида аст. Агар дар сентябри 2001 Ал-қоида танҳо дар Покистон, Афғонистон ва Арабистон ҳузур доштанд, акнун илова бар онҳо, нақши бесазое дар таҳаввулоти Ироқ, Сурия, Лубнон, Яман ва бархе дигаре аз сарзаминҳои исломӣ ёфтанд. Ҷанг алайҳи терроризми давлатиҳои Буш ва Обамаро бояд ринги тамрини терроризм барои Ал-қоида донист. Ал-қоида дар ин набардҳо комилан обдида шуда ва акнун набард бо он ба маротиб сахттар аз гузашта шуда аст.
Ба мурур пас аз солҳои аввалия пас аз 11 сентябр, нақши ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Иёлоти Муттаҳида дар набард алайҳи Ал-қоида барҷаста шуд. Ҳазинаи болои пиёда кардани неру дар кишварҳои дурдаст ва фишори афкори умумӣ боис шуда аст, то давлати Барак Обама, талош кунад аҳдофи худро аз роҳи дур бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ҳадаф қарор диҳад.
Бинобар ин гузорише, ки бунёди Амрикои навин дар таърихи 8 июн соли равон мунташир карда аст, дар ҳоле, ки дар соли 2004 танҳо як ҳамла бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин алайҳи аҳдофи Ал-қоида дар Покистон сурат гирифт, ин теъдод дар соли 2010 ба 122 ҳамла расид.
Бар асоси гузориши ҳамин бунёд то кунун 357 ҳамла аз ин даст дар Покистон рух дода аст, ки дар маҷмуъ дар асари онҳо 2780 нафар ҷон бохтаанд, ки албатта иддао шуда, аксарияти онҳо ниманизомӣ будаанд.
Гузориши рӯзномаҳо ҳам нишон аз он аст, ки рӯзона ба таври мутавассит як ҳамла ба василаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар Яман сурат мепазирад. Яке аз маъруфтарин кушташудани ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар Яман, Анур Алулқӣ , шаҳрванди амрикоии яманиуласл буд, ки бо суханрониҳои ҷазоби худ ба забони ангилисӣ, дар Ғарб маъруф шуда буд.
*Чаро бояд нисбат ба ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини бо дидаи шубҳа нигарист?
Ҳамалоти доимии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ ба мардуми кишварҳои мухталифи исломӣ бо як саволи ҷиддӣ мувоҷиҳ аст. Агар қарор аст Ал-қоида ва гурӯҳҳои вобаста бо он дар ин ҳамалоти ҳазф шаванд, чаро талош мешавад, ки неруҳои вобаста ба ҳамин шабака дар бархе дигар аз кишварҳои исломӣ, ҳимоят шавад?
Агар қарор аст бо Ал-қоида мубориза шавад, чаро аз он дар Сурия ва Ироқ ҳимоят мешавад? Муҳимтарин муттаҳиди Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна Арабистони Саъудӣ аст, ки ба таври доимӣ шабакаҳои террористии салафиро дар Ироқ ва Сурия ҳимоят карда аст ва ин ҳимоят наметавонад бидуни мувофиқати Вашингтон сурат гирифта бошад.
Ахиран хабаре мунташир шуда дар бораи инки Арабистони саъудӣ шуришиёни суриро ба мушаки пешрафтаи русӣ ҳам мусаллаҳ карда аст, ки табъан ин мушакҳо дар ихтиёри неруҳои салафӣи ҳам қарор гирифт. Дар байни коршиносони низомӣ тақрибан касе шак надорад, ки агар ҳунари разм даҳшатангези неруҳои салафӣ набуд, то кунун артиши озоди Сурия ҳама чизро дар баробари артиши қонунии ин кишвар аз даст дода буд.
Ин тарҳи савол мантиқӣ аст, ки Иёлоти Муттаҳида чи гуна бо як ҷарён дар нуқтае аз Ховари Миёна ё манотиқи наздик ба он меҷангад ва дар нуқтаи дигар ба таври мустақим ва ё ғайри мустақим аз он ҳимоят мекунад? Чи тавр як ҷарёни сиёсӣ-низомӣ дар Афғонистон ва Покистон ва Яман душмани Иёлоти Муттаҳида аст, аммо дар Сурия муттаҳиди ин кишвар маҳсуб намешавад ? Мақомоти амрикоӣ чи гуна тавонистанд байни шохаҳои мухталифи Ал-қоида ҷудоӣ қоил шаванд?
Бархе ин далелҳоро матраҳ мекунанд, ки Амрико қасд дорад то бо дарандохтани меҳвари муқовимат ва қувваҳои салафӣ, ҳардуро заъиф кунад, аммо ин сиёсат замоне метавонист дуруст бошад, ки Иёлоти Муттаҳида танҳо ин дуро бо ҳам даргир кунад, на инки ба яке алайҳи дигари кумак кунад?
*Хушбинонатарин посух ва бадбинонатарин посух
Барои саволот, як посухи хушбинона вуҷуд дорад ва як посухи бадбинона! Дар хушбинонатарин ҳолат, бояд гуфт сохтори тасмимсозӣ ва тасмимгирӣ дар хусуси наҳваи руёруӣ бо Ал-қоида ва ҳамоҳанг созии ин рубаруӣ бо дигар манофеи Иёлоти Муттаҳида, аз инсиҷоми лозим бархурдор нест ва дучори навъе ҳарҷумарҷ шуда аст.
Ин эҳтимол вуҷд дорад, ки вазорати хориҷа, конгрес, ЦРУ, ожонси амнияти миллӣ, Пентагон ва дигар дастгоҳҳои амниятӣ- низомии амрикоӣ дучори ихтилолоти ҷидди бошанд ва Обама низ зарфияти лозим барои гузар аз ин ихтилофот ва тасмимгирии қотиъонаро надорад.
Ин эҳтимол албатта дур аз зеҳн нест. Амрико даргири он гегемонии бебадиле нест, ки дар зеҳни бархе бузургнамоӣ шуда аст ва дар сиёсати хориҷии ин кишвар ҳам дигар амсоли Кисинҷер ҳузур надоранд.
Аммо посух бадбинонаро ин рӯзҳо хелеҳо дар Ховари Миёна ҳар рӯзу шаб дар зеҳни худ мурур мекунанд. Шояд ҳамаи инҳо намоише аст, ки 12 сол аст идомад дорад? Магар дар поягузории Ал-қоида ва тақвияти он дар мубориза бо Иттиҳоди Шуравӣ, нақши Вашингтон барҷаста набуд, аз куҷо маълум, ки ин нақши барҷаста аз он ба баъд ҳам идома наёфта бошад? Накунад 12 сол ба баҳонаи мубориза бо терроризм муште инсони фақир ба номи террорисм кушта шуда бошанд ва пушти парда байни сарони Ал-қоида ва мақомоти Амрико достонҳои ҳазору як шаб радду бадал шуда бошад?
Ин посухи бадбинона асосёфта бар назарияи дасиса аст ва қатъан аз ин бобат мавриди ҳамла қарор хоҳад гирифт, аммо ҳама ва ҳатто мунтақидони назарияи дасиса ҳам медонанд, чунин тавтиъае ҳадди ақал ғайри мумкин аст.
Ҳар кадом аз ин ду посух ва ҳатто агар посухе ғайр аз ин ду сиҳҳат дошта бошад, дар асли моҷаро тағйире эҷод намекунад: стротегияи Амрико дар набард бо терроризм таноқусолуд аст ва афкори умумии ҷаҳон кам кам ба ин тазодҳо пай мебарад.