Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯй мошин тақдим кард
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 29-уми август барои ширкат дар ифтитоҳи корхонаи азими сементбарории ноҳияи Ёвон, ки аз ҷониби ширкати ватании Ғаюр ва ширкати Хуаксин сементи Чин бо иқтидори 1 миллион тонна дар як сол бунёд ёфтааст, ба ин ноҳия сафар намуд.
Тавре Маркази матбуотии президент иттилоъ дод, мақсад аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум мебошад.
Ба иттилои манбаъ боздиди президент аз ноҳияи Ёвон бо иштирок дар маросими тӯйи дастаҷамъонаи арусии 10 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 150 нафар фарзандони хурдсол аз оилаҳои ниёзманд, ки ба таври хайрия ба роҳ монда шуд, оғоз ёфтааст.
Манбаъ мегӯяд, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар ҷуфти ҷавон туҳфаҳои арзишманд, аз қабили яхдон, телевизор, чангкаш ва дигар асбоби рӯзгордорӣ ва ба писарчаҳои хурдсол либосворӣ, дучарха ва дигар бозичаю шириниҳо тақдим карда шуд: “Ғайр аз ин, ба номи 10 нафар кӯдакон, ки аз падару модар ятим мондаанд, суратҳисоби бонкӣ кушода шуда, ба ҳар яке 3000 сомонӣ амонат гузошта шудааст”.
Дар маркази ноҳияи Ёвон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин маҷмааи варзишии Форам, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ гардид, ки арзиши он 1 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Аз ҷониби президент ба донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз ноҳияи Ёвон Нусратшо Имомов, ки дар Универсиадаи ҷаҳонии шаҳри Қазон аз рӯйи намуди самбо ҷойи сеюм гирифта буд, мошини сабукрав тақдим карда шуд.