Субҳи барвақт дар назди бозори "Панҷшанбе куштор содир шудааст
Мақомот пулиси вилояти Суғд аз боздошти як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров хабар медиҳад, ки субҳи 28-уми август, дар наздикиҳои тарабхонаи “Гармак” дар ҳудуди бозори Панҷшанбе, дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд собиқ ҳамсарашро корд задааст.
Тибқи иттилои манбаъ соати 5:30-и субҳ сокини 50-солаи Бобоҷон Ғаффуров бо собиқ ҳамсараш, як сокини 40-солаи Хуҷанд муноқиша карда, ба қафаси синааш чанд маротиба бо корд мезанад. Дар натиҷа ҷабрдида, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат мерасад. Тибқи фарзияи пешакии мақомот ин куштор дар заминаи рашк содир шудааст.
Мақомот айни ҳол гумонбар дар ин кушторро дастгир карда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.