Ҳукумати Русия ба муҳоҷирони тоҷик сабукиҳо медиҳад
Созишнома дар бораи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, аз ҷониби комиссияи қонунгузории ҳукумати Русия тасдиқ шуда, дар назар аст, дар ҷаласаи навбатии ҳукумати ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирад.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти ҳукумати Русия иттилоъ медиҳад.
Ин созишнома, ки моҳи феврали соли равон имзо шуда буд, баъди тасдиқаш дар ҳукумату парлумон ба шаҳрвандони тоҷик имкон медиҳад, давоми 15 рӯз бе қайд дар қаламрави Русия ҳузур дошта бошанд. Дар ҳоле, ки тибқи қонунгузории умумии Русия шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар бояд, давоми 7 рӯз дар маҳалли ҳузурашон аз қайди мақомот гузаранд.
Ахиран Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро баррасӣ кард ва интизор меравад, дар яке аз ҷаласаҳои парлумон дар моҳҳои наздик ба тасвиб расад.
Аз Тоҷикистон дар Русия беш аз 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунанд, ки маблағи ирсолкардаашон манбаи асосии муътадилияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.