Эрон барои дахолати СРУ дар табадулоти соли 1953 ИМА-ро ба додгоҳ кашиданист
Парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз, 28-уми август қонунеро тасвиб кард, ки ҳукумати кишварро уҳдадор мекунад, барои ширкати Хадамоти марказии кашшофии Амрико (СРУ) дар табадулоти давлатии соли 1953, ки сабаби сарнагун шудани ҳукумати бо роҳи демократӣ интихобшудаи ин кишвар гардид, ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят барад.
Ба ҷонибдорӣ аз тарҳи ин қонун 167 вакил райъ дода, танҳо панҷ нафар зиди он овоз додаанд. Тибқи ин қонун дар Эрон комиссияи вижае таъсис меёбад, ки тамоми аснод ва ҳаводиси соли 1953-ро омухта, баъди якуним сол хулосаи худро пешниҳод мекунад. Бо такя ба хулосаи ҳуқуқдонҳо ва таърихшиносон ҳукумат бояд алайҳи ИМА ба Додгоҳи байналмилалии СММ муроҷиат намояд.
Парлумони Эрон ба баррасии ин масъала баъди ифшои санадҳое, ки ширкати фаъоли СРУ дар сарнагун кардани сарвазири Эрон Муҳаммад Мусаддиқ дар соли 1983-ро исбот мекард, пардохт.
Ёдовар мешавем, ин ҳуҷҷатҳоро сомонаи Хазинаи хадамоти миллии амният (National Security Archive), як созмони ғайриҳукуматӣ, ки ба ҷамъоварии маълумоти махфӣ машғул аст, нашр кард. Санадҳо бо дархости Малколм Бирн, муовини директори хазина бахшида ба 60-солагии инқилоб, ки 19-уми августи соли 1953 ба вуқӯъ пайваст, таслим шудааст. «Дигар ҳоҷати махфӣ нигоҳ доштани чунин як ҳолати муҳими гузаштаи мо нест»,-гуфтааст Бирн ва илова кардааст, то ҳанӯз бисёр ҳодисаҳои марбут ба кудатои Эрон махфиянд.
Табаддулоти соли 1953 роҳро барои дигаргуниҳои геополитикӣ дар Ховари Миёна ҳамвор кард ва солҳо баъд ба Инқилоби Исломӣ дар Эрон мусоидат намуд.