Тошев маҳбусонро дар рӯзи марги Икромзода ба гуруснанишинӣ хонд
Сунатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ду маҳбуси муттаҳам ба дуруғгӯӣ ҳамроҳ бо вакилони мудофеашон аз иштирок дар мурофиаи додгоҳӣ, ки имрӯз, 28-уми август дар Хуҷанд дар назар буд, даст кашидаанд ва мурофиа боз ба таъхир афтодааст.
Файзиниссо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев дар суҳбат бо “Озодагон” далели худдорӣ аз иштирок дар мурофиаро иҷро нагардидани талабашон гуфт, ки мехоҳанд, мурофиа на дар СИЗО балки дар толори додгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шавад: “Қонуни мурофиавӣ таъин намудааст, ки маҳали баррасии парванда толори додгоҳ мебошад, на толори СИЗО.”
Аммо мақомот ба далели набудани шароити интиқоли маҳбусон ба толори додгоҳ пофишорӣ дорад, ки мурофиа дар СИЗО-и Хуҷан гузарад.
Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд ва айни ҳол барои пахши ахбори дурӯғин оиди шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам мешаванд. Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.
Воҳидова бо такя ба хулосаи санҷишҳои худи Раёсати ислоҳии Тоҷикистон аз эҳтимоли сиёсӣ будани парвандаи нав алайҳи Садриддин Тошев ҳушдор медиҳад. Ӯ гуфт, дар хулосаи ташхисҳои худи Раёсати ислоҳӣ, ки пеш аз интиқоли Тошев аз Душанбе ба Хуҷанд таҳия шудааст, аз ҷумла омадааст, “ки Тошев ақидаҳои устувори зидди сиёсати давлат дорад ва тариқи паноҳӣ миёни маҳбусон ақидаҳояшро тарғиб мекунад.”
Воҳидова ақидаҳои Тошевро яке аз сабабҳои интиқолаш аз зиндони Душанбе ба Хуҷанд гуфт. Ин вакили дифоъ таъкид намуд, ки зерҳимояаш Тошев дар пасманзари он, ки ҳамаи дархостҳояшон рад мешаванд, имрӯз, 28-уми август, тариқи адвокатҳояш аз тамоми маҳбусони тоҷик, ки ҷонибдори адолатанд, даъват намудааст, ки дар рӯзи марги Ҳамза Икромзода, ки 21-уми сентябр аст, гуруснанишинӣ кунанд.
Тошев ҳушдор додааст, ки дар сурати радди минбаъдаи дархостҳояш гуруснанишинии бемуҳлат эълон хоҳад кард.
Ҳамза Икромзода моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе ба таври мармуз ба ҳалокат расид. Дар пайи марги ӯ як гуруҳ маҳбусони ин зиндон, ки аз шоҳидони аслии шиканҷа ва марги Икромзода арзёбӣ мешуданд, ба Хуҷанд интиқол ёфтанд.