БДА дар назди макотиб аломатҳои махсус мегузорад
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба муносибати оғози соли нави таҳсил аз 31-уми август то 9-уми сентябри соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти мақсадноки «Бачаҳо» мегузаронад.
Махмадшариф Шамсов, масъули БДА ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки дар доираи ин амалиёт, то оғози соли хониш дар ҷойҳое, ки мактабҳо ҷойгиранд, аломатхои махсуси огоҳкунанда гузошта мешаванд: “Рӯзи якуми сентябри соли ҷорӣ кормандони бозрасӣ дар тамоми мактабҳои пойтахт бо бачагон вохӯрӣ доир намуда, қоидаҳои асосии бехатариро ҳангоми гузаштан аз чорраҳа ва риояи қоидаи ҳаракат дар роҳҳои автомобилгардро ба хонандагон мефаҳмонанд.”
Шамсов афзуд, “аз падарону модарон ва омӯзгорон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки кӯдакону наврасонро дар кӯчаву роҳҳои автомобилгард бе назорат нагузоранд, ба онҳо талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯзонанд.”