16 созмон мавҷудияти шиканҷаро дар зиндонҳо таҳқиқ мекунанд
Ҳумайрои Бахтиёр
Барои таҳқиқи мавҷудияти шиканҷа дар Тоҷикистон Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии зидди шиканҷа таъсис ёфтааст, ки аз 16 созмони ҳифзи ҳуқуқ иборат аст. Эътилоф қасд дорад, аввоили моҳи сентябри соли ҷорӣ ба таҳқиқи вазъи маҳбусон шурӯъ намояд.
Ҳанӯз моҳи декабри соли 2012 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон-Зариф Ализода эълон кард, барои таҳқиқи вазъи зиндонҳо ва маҳбусини кишвар гурўҳи вижае таъсис меёбад. Зариф Ализода замоне аз ин азм хабар дод, ки сару садоҳо атрофи шиканҷа дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон зиёд шуд. Ҷаноби Ализода дар ҳоле ваъдаи гузаронидани мониторинг аз вазъи зиндонҳоро дод, ки солҳост созмонҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла Салиби сурх дастрасӣ ба ин муассисаҳоро надоранд.
О. Бобоназарова: Дили нохоҳам, узри бисёр
Азиз Солиев, котиби матбуотии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни як суҳбат гуфтааст, ҳоло аъзои Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии зидди шиканҷа масъалаи ширкат доштан ё надоштани намояндаҳои Раёсати ислоҳиро дар мониторинги мазкур баррасӣ доранд. Ба гуфтаи ӯ чанде аз созмонҳо ҷонибдори ширкати намояндаҳои Раёсати ислоҳӣ дар таҳқиқи вазъи зиндонҳо буда, гурӯҳи дигар ин масъаларо беҷавоб мондаанд.
Дар зимн чанде аз коршинсонро ба дарозо кашидани боздиди ҳуқуқшиносон аз маҳбасҳо нигарон кардааст. Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари ҷамъияти “Перспектива+” дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин масъала набояд зиёд тӯл бикашад: “Ман ҳайронам, ки чаро ин масъаларо ин қадар кашол медиҳанд. Ваколатдор ваъда кард, тамом, бояд мониторинг гузаронида шавад. Аслан дар тамоми ҷомеаи демократӣ дари зиндонҳо танҳо барои ҷинояткорон пӯшида буда, ҷомеаи шаҳрвандӣ дастрасии озод ба ин муассисаҳоро доранд. Ин боздиду мониторинг бояд хеле қаблтар сурат мегирифт, аммо кашолкорӣ мекунанд”.
Шиканҷа имиҷи давлатро коста мекунад
Дар ҳамин ҳол, Зебо Шарифова, директори иҷроияи Лигаи занҳои ҳуқуқшинос ва узви Ҳаракати муштарак оид ба мониторинг ва назорати шиканҷа дар маҳбасхонаҳо мегӯяд, масъалаи мазкур дар Тоҷикистон ва берун аз он сару садои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло адвокатҳои Лига ва созмонҳои ҳуқуқи башар тамоми чораҳоро меандешанд, то масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳалли худро пайдо бикунад.
Зебо Шарифова дар идома афзуд, ки бо як боздид намешавад тамоми мушкилоти маҳбасхонаҳоро ошкор кард. Зеро эҳтимол аст масъулини Раёсати муассисаҳои ислоҳӣ низ барои боздиди ҳуқуқшиносон аз зиндонҳо омодагӣ дошта бошанд.
“Аслан шиканҷа бар зарари давлат аст. Он нуфузи кишварро коста мекунад. Бояд тамоми чораҳо андешида шавад, то ин мушкил бартараф гардад”,-илова намуд ӯ.
Масъулини зиндонҳо бо омодагӣ ҳуқуқшиносонро қабул мекунанд?
Маврид ба зикр аст, ду сол қабл Изатулло Шарифов, раҳбари Раёсати муассисаҳои ислоҳӣ ба чанде аз хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар имкони боздид аз зиндонҳоро дод. Дар натиҷа муаяйн гардид, ки барои ин боздид масъулини зиндонҳо омодагии ҷиддӣ дидаанд.
Ойниҳол Бобоназарова, ки дар боздиди қаблӣ ширкат дошта, ин навбат ба Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ворид нагардидааст, мегӯяд, аслан ин боздид метавонад ба манфиати раҳбарияти зиндонҳо анҷом биёбад: “Онҳо аз норасоӣ ва камбудӣ дар зиндон набояд тарс дошта бошанд. Зеро зиндонҳо бо маблағи буҷа нигаҳдорӣ мешавад. Агар ҳам шароит хуб нест, пас маблағи кофӣ ҷудо намегардад. Ин мониторинг бояд воқеъбинона анҷом ёбад, то созмонҳои байналмиллалӣ имкони кумак ба зиндонҳои Тоҷикистонро дошта бошанд”.
Зебо Шарифова бошад, бар ин бовар аст, ки гузаронидани мониторинг аз вазъи зиндонҳои Тоҷикистон шояд мушкил гардад: “Ҳоло муайян нест, ки маҳбусин моро чӣ гуна қабул мекунанд. Албатта мо талош мекунем, то бо онҳо суҳбатҳои алоҳида дошта бошем. Бояд тавре рафтор кард, ки маҳбусон аз мавҷудияти озору шиканҷа дар зиндонҳо нотарсида бигӯянд. Агар мо ба зиндон ворид шавем, ҳамаҷоро хуб омода карда бошанд. Маҳбусин ҳам чизе нагӯянд, пас мониторинг чӣ гуна мешавад?”
З. Шарифова: “Аввал бо Ризоеву Тошев сӯҳбат мекунем”
Директори иҷроияи Лигаи занҳои ҳуқуқшинос гуфт, эҳтимол аввалин боздиди Ҳаракати муштарак оид ба мониторинг ва назорати шиканҷа дар маҳбасхонаҳо аз раёсати ислоҳии Хуҷанд оғоз гардад. Зебо Шарифова мегӯяд, на ҳама маҳбусон дар суҳбат бо ҳомиёни ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр мекунанд: “Барои мисол Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев. Ин зиндониёне ҳастанд, ки аз вазъи худ ошкоро нигаронӣ мекунанд. Мо ҳоло тасмим дорем, то бевосита бо ин ду нафар мулоқот намоем”.
Бо ин ҳама коршиносон яке аз омили аслии мавҷудияти шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистонро дар ғайриихтисосӣ будани кормандони маҳбасхонаҳо арзёбӣ мекунанд.
Ҳарчанд хабарҳо атрофи шиканҷа дар Тоҷикистон зиёд аст, аммо Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нишасти хабарии охираш гуфт, давоми чанд моҳи охир шиканҷа коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳоле, ки Маҳмурод Одинаев, падари маҳбус-Сунатулло Ризоев аз амали кормандони мақомоти қудратӣ шикоят дорад. Маҳмурод Одинаев мегӯяд, баъди муҳокимаи додгоҳии писараш дар Хуҷанд чанде аз масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро иҷборан ба ҷое бурда, таҳдиду фишор овардаанд, то аз гуфтаҳои хеш дар робита ба шиканҷаи маҳбусон даст бикашад.
Зариф Ализода гуфт, аз ин ҳодиса тавассути хабаргузориҳо огоҳӣ ёфта, ҳоло дар пайи таҳқиқи масъала аст: “Албатта сару садо хеле зиёд аст. Ба хотири таҳлили дақиқ ман тасмим дорам бо таъсиси гуруҳи корие ба Хуҷанд биравам. Ҳангоми сафар қасд дорам, то бо маҳбусони аз Душанбе ба ин шаҳр интиқолёфта суҳбат анҷом бидиҳам”.