Тоҷикистон: Маоши “ночиз”-и мардум саривақт пардохт намешавад
Сиёвуш Қосимзода
Ҳаҷми умумии маблағи қарзи пардохти маош дар оғози моҳи июли имсол 14,5 миллион сомонӣ ё $3 миллионро ташкил додааст. Танҳо дар нимсоли имсол қарзи маош 9,1 млн. сомонӣ ё 62,6% афзоиш ёфтааст. Тибқи иттилои Агентии омор қарзи пардохти маош дар бахши воқеӣ дар оғози моҳи июли имсол 1,5 млн. сомонӣ ё 16,9% боло рафта ба 11 млн. сомонӣ расидааст.
Назорат аз болои корхонаҳо заъиф аст
Рушди қарзи пардохти маош тақрибан дар тамоми фаъолиятҳои иқтисодии бахши воқеӣ сабт гардидааст. Бештарин афзоиши қарз дар бахши саноъеи коркард бо 21,5% дарҷ гардидааст.
Иллати сол то сол зиёд шудани ҳаҷми қарзи маошҳоро, Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣ ба афзоиши талабот барои пулу барои ривоҷ додани тиҷорат марбут медонад. Агар дар дастрасӣ ба маблағ ба воситаи ғун кардани маблағҳо аз фурўши маҳсулот камбудӣ бошад, дар ҳолати дастнорасии қарзҳои бонкӣ ва дигар сарчашмаҳои ғанӣ кардани маблағ барои бурдани тиҷорат корхонаҳо аз ҳисоби надодани дастмузди кормандон худро бо пул таъмин мекунанд. Дар ин ҳолат корхона ду фоида ба даст меорад: -Якум инки дар дасташ пул мемонад дуввум инки ба фондҳои иҷтимоӣ ҳам маблағро пардохт намекунад ва ин боз ҳам пули дар дасти онҳо бударо зиёд мегардонад. Барои ҳамин мақомоти назоратӣ бояд назоратро аз болои иҷрои қонуни ҶТ дар бораи маош ва ҳифзи иҷтимоӣ қавӣ гардонанд, гуфт Баҳром Шарипов.
Аз дигар тараф ба гуфтаи ин коршиноси умури бонкӣ, бояд имконияти ба ташкилотҳо дастрасии қарзҳо аз тарафи бонк ва дигар сарчашмаҳо роҳандозӣ гардад то ин ба паст шудани сатҳи зиндагии кормандон таъсири манфӣ нарасонад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Собир Лутфуллоев, иқтисоддони тоҷик афзоиши қарзи дастмуздҳоро дар заъифии мақомоти маҳаллӣ мебинад: "Мақомоти маҳаллӣ қудрати пардохт намудани ин маошҳоро надоранд. Онҳо хеле ба сахтӣ будҷаи маҳҳаллиро иҷро кардаанд, вале вақте бе назардошти имконоти онҳо маоши муаллимон ва дигар кормандони будҷавӣ зиёд карда шуд, мақомоти маҳаллӣ дигар тавони пардохти маошро нахоҳанд дошт".
Корхонаҳои кишоварзӣ ҳам зери обӣ шино мекунанд
Аз ҳама пардохти поин дар бахши воқеӣ ба кормандони соҳаи кишоварзӣ, шикор, ҷангалдорӣ болиғ бар 202 сомонӣ ва биринҷкорӣ 325 сомонӣ рост меояд.
Аммо болотарин маош дар бахши сохтмон, саноъати сохтмон ва истихроҷи маъодин 1,5 ҳазор сомонӣ, дар соҳаи барқ ва сохтмон беш аз 1,2 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ба таври куллӣ дар бахши воқеии иқтисод моҳонаи миёна дар моҳи июни имсол 524 сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи порсол 34,2% афзун гаштааст. Дар бахши хадамот аз ҳама маоши баланд ба кормандони бонк, нақлиёт, захираҳои кишоварзӣ ва алоқа, ҳотелу ресторанҳо рост омадааст, ки аз 1,9 ҳазор то 831 сомониро ташкил додааст.
Моҳонаи миёна дар бахши хадамот дар июн 873 сомониро фаро гирифта дар муқоиса бо ҳамин давраи мушобеҳи порсол 30,4% зиёдтар шудааст. Баҳром Шарипов мегӯяд, ки дар иқтисоди бозаргонӣ самаранокии вазъи молиявии ҳар як корхонаро соҳа муайян мекунад. Чун дар соҳаи кишоварзӣ бештар ба истифодаи қувваи корӣ такя мешавад то истифодаи технологияи пешқадам, сатҳи даромаднокӣ дар ин соҳа камтар аз дигар бахшҳост.
"Кишоварзӣ соҳаест, ки хароҷот доимо ҳасту даромад аз мавсимҳо бастагӣ дорад ва ҳамаи инҳо ба сатҳи пардохтпазирии коргоҳ ва даромади он ҳамчунин маош таъсир мерасонад. Барои онки корхонаҳои хоҷагии қишлоқ даромаднокии худро зиёд кунанд бояд маҳсулоти истеҳсолкардаро коркард намоянд", изҳор дошт Баҳром Шарипов.
Ба гуфтаи иқтисоддонон 60 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ҳастанду 30 фоизи онҳо дар бахши кишоварзӣ мебошанд. Ҳол онки дар Амрико танҳо 4 фоизи аҳолӣ дар ин соҳа машғуланд, вале тамоми маҳсулоти хўроквориро таъмин менамоянд. Аз ин хотир кишоварзони Амрико бо субсидия ва дигар кумакҳои нақдӣ дастгирӣ меёбанд. Аммо дар Тоҷикистон вазъият дигар аст ва аз хоҷагии қишлоқ рафтани кормандон боиси зиёд шудани бекорӣ мешавад. Барои ҳамин кор дар ин соҳа феълан барои мардуми тоиҷк зарур аст. Аз дигар тараф на ҳамаи даромадҳое, ки корхонаҳо мегиранд дар ҳисоботи расмӣ дарҷ мегардад ҳатто дар соҳаи кишоварзӣ. Аз дигар сӯ, бештари даромадҳои кормандони бахши кишоварзӣ ғайринақдӣ ба даст оварда мешавад монанди ба ҷои иҷораи замин дарёфти қисме аз колоҳои тавлидшуда бе ягон қайди давлатӣ.
Чаро маош кам аст?
Мутаасифона имрӯз дар Тоҷикистон сатҳи маошҳо хеле паст аст ва баробарии зиёде дар пардохти дастмуздҳо дар соҳаҳои гуногун ба чашм намерасад. Бо ингуна ҳаҷми маош дар кишвар мардум хонаву мошин харида ва ё маблағи зиёде пасандоз карда наметавонанд, зеро бештари дастмуздашон харҷи шикам мешавад.
Собир Лутфуллоев мӯътақид аст, ки чун аксарияти ширкатҳои сохтмонӣ хусусӣ ҳастанду хусусиҳо пули бештар медиҳанд, маош дар ин бахш бештар аз дигар соҳаҳост. Вале дар ҳамаи кишварҳо вазъ ҳамин тавр аст, ки кишоварз аз сохтмончӣ камтар маош мегирад.
Аммо Баҳром Шарипов чунин мепиндорад, ки аҳолии деҳот бештарашон дар муҳоҷират ба сар мебаранд ва ин як навъ манбаъи даромади иловагӣ барои онҳост. Ба ҳамин хотир кишоварзон даромади худро пурра ба пушонидани хароҷот равона намекунанд.
Имрӯз сиёсатҳои иқтисодии ҳукумат боис шудааст, то сатҳи маош дар Тоҷикистон аз ҳамаи дигар кившарҳои Осиёи марказӣ пасттар бошад. Ҳатто ин сиёсатҳо имконият намедиҳанд, то маош ба қадри зиёдтар боло бурда шавад, зеро ҳар қадар пул ҳам, ки ба муомилот набароранд, чун пушташ холист ва ё бидуни мол аст, самараи муфид намедиҳад. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ММД ончунон зиёд нест ва рушди ҳарсолаи он бештар таҳти таъсири омилҳои берунӣ сурат мегирад, барои ҳамин пулҳое, ки ба муомилот бароварда мешавад, пуштувонаи молӣ ба воситаи молҳои ватанӣ надоранд ва натиҷааш ҳам ҳамин аст, ки имрӯз дида мешавад.