Шаҳрвандони Белорус дар Туркманистон ба ангезандаи гепатити А сироят ёфтаанд
Ирина Глинск, мудири шӯъбаи эпидемиологии маркази гигиена ва эпидемиологияи Минск гуфтааст, аз оғози сол дар пойтахти Белорус нуҳ ҳолати сироят ёфтани гепатити А ба қайд расидааст.
Ба қавли ӯ бештари сироятшудаҳо афроди солманд ҳастанд. “Ба вируси гепатити А онҳо аслан ҳангоми ба Туркманистон, Миср, Ҳиндустон ва Узбакистон рафтан сироят меёбанд”,-афзудааст Ирина Глинск.