Муттаҳам шудани муфтӣ дар фурӯши квотаҳои ҳаҷ
Конгресси мусулмонони Қирғизистон ва Осиёи Марказӣ Раҳматулло Ҳоҷи Эгамбердиев, муфтии феълии ин кишварро дар амалҳои корупсионӣ муттаҳам мекунад.
Бакит Нуриддинов, раҳбари “Конгресси мусулмонони Қирғизистон ва Осиёи Марказӣ” мегӯяд, Эгамбердиев тавассути одамҳои худ квотаҳои ҳаҷро мефурушад. Ба гуфтаи Нуриддинов, як квотаи ҳаҷ дар Қирғизистон бар ивази 4,5-5 ҳазор долари амрикоӣ фурӯхта мешавад.
Нуриддинов, ки рӯзи 27-уми август зимни нишасти хабарие дар Бишкек дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, дар соли ҷорӣ ҳудуди 40 шаҳрванди Узбакистон бо гирифтани шиносномаи қирғизӣ аз муфтиёти Бишкек квотаи ҳаҷ ба даст овардаанд.
Раҳбари “Конгресси мусулмонони Қирғизистон ва Осиёи Марказӣ” мегӯяд, ин ҳама дар аҳди фасодкориҳои эҳтимолии идораи Эгамбердиев ба миён омадааст.
Ба гуфтаи Нуриддинов, дар соли 2011 тавассути наздикони муфтии қирғиз 40 шаҳрванди Тоҷикистон, 3 шаҳрванди Чин ва 23 шаҳрванди Узбакистон квотаи ҳаҷ аз Қирғизистон ба даст овардаанд.