Тоҷикистону Узбакистон марзҳои худро бо Қирғизистон намебанданд
Тоҷикистон ва Узбакистон дарҳои марзи худро бо Қирғизистон дар робита ба пайдошавии бемории тоун ё “чума” дар ин кишвар маҳкам намекунанд.
Ба иттилои расонаи хабарии “knews.kg” Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон гуфтааст: “ Дар ҳоли ҳозир марзи Тоҷикистон бо ин кишвар кушода боқӣ мемонад, вале масдуд хоҳад шуд ё не ҳанӯз маълум нест.
Дар ҳамин ҳол Сафорати Узбакистон дар Қирғизистон мегӯяд, масдудияти марзи ин кишвар бо Қирғизистон то 1-уми сентябр боқӣ хоҳад монд. Вале шаҳрвандони ду ҷониб метавонанд тариқи хатсайрҳои ҳавоӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Казоқистон аз шаҳрвандони кишвараш даъват ба амал оварда буд, ки аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар минтақаи шимоли Қирғизистон нишонаҳои бемории тоун ё “чума” зоҳир шуда, рӯзи 23-уми августи соли ҷорӣ як ҷавони 15-солаи қирғиз аз ин беморӣ ба ҳалокат расидааст.