Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон «Уралские авиалинии»-ро тавсия медиҳад
Дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бонки иттилоотӣ оид ба депортшудагон аз қаламрави Русия таъсис ёфтааст, ки мақсад аз он мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангуи Хадамоти муҳоҷират, имрӯз, 27-уми август ба «Озодагон» иттилоъ дод, ки муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути ин бонк метавонанд пеш аз сафар маълумоти заруриро барои худ дастрас намоянд, то аз харҷи беҳудаи маблағ ҳангоми харидорӣ намудани чиптаҳо ва саргардониҳо эмин бошанд.
Номбурда мегӯяд, чунин хизматрасонӣ дар бонки иттилоотии ширкати ҳавопаймои Русия «Уралские авиалинии» мавҷуд аст ва мо ба шаҳрвандоне, ки ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунанд, маслиҳат медиҳем, ки аз хизматрасонии ин ширкат истифода баранд.
Манбаъ илова намуд, ки Анвар Бобоев, муовини сардори хадамот зимни мулоқоташ бо Хадича Исмоилова, муовини Ширкати ҶДММ «IAS» пешниҳод намуд, ки хуб мешуд дар мувофиқа бо ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» рӯйхати депортшудагонро ба дигар ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ дастрас гардонида, муҳоҷирони меҳнатиро аз саргардониҳою сарфи беҳудаи маблағ ҳифз менамуданд.
Ин пешниҳод аз ҷониби Хадича Исмоилова пазируфта шуда, номбурда қайд намудааст, ки дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо нуқтаҳои чиптафурӯшии ин ширкат мавҷуд аст ва онҳо метавонанд дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ба муҳиҷирон мусоидат намоянд.
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, ки баъзе нафароне астанд, ки баъди депорт шуданашон нафаҳмида дубора ба қаламрави Русия сафар менамоянд ва аз фурудгоҳҳои ин кишвар дубора бозпас ба Ватан баргардонида мешаванд.
Аз ин ба баъд ҳар нафаре, ки аз кишвари Русия депорт мешавад, имкон дорад дар мавриди ихроҷ шуданаш аз бонки иттилоотии Хадамоти муҳоҷират маълумоти бештар пайдо намояд.